расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Баррасии ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон

. / Сиёсат

Баррасии ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон

Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон мавзӯоти мухталифи ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ карданд

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо вазири фарҳанги Эрон дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо Муҳаммад Маҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳанг ва иршоди Эрон дар хусуси мавзӯоти мухталифи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баҳсу табодули назар карданд.

ВУХ Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ин мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии муштарак бо иштироки аҳли адабу фарҳанги ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон пас аз интихоби Сайид Иброҳим Раисӣ ба унвони раиси ҷумҳурии ҷадиди Эрон ва сафари ӯ ба Тоҷикистон ва дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳурии Тоҷикистон, рӯ ба густариш ниҳодааст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.