расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » МОҶАРОИ СИЁСӢ: СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН БО ХАРИТАЕ, КИ ДАР ОН ВОРУХ БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАСТ АСТ

Сиёсат / Ҷомеа

МОҶАРОИ СИЁСӢ: СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН БО ХАРИТАЕ, КИ ДАР ОН ВОРУХ БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАСТ АСТ

Дар Қирғизистон истифодаи як харитаи ҷуғрофӣ, ки дар он ҷамоати Ворухи Тоҷикистон на ба шакли анклав (ҷазирақаламрав), балки бо қаламрави ин кишвари ҳамсоя пайваст тасвир шудааст, ба як моҷарои сиёсӣ печид. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров) рӯзи 20 ноябр дар як чорабинӣ ба муносибати Рӯзи кормандони прокуратура дар толори “Энесой” дар қароргоҳи «Ало-Арча»  дар пасманзари ин харитаи ҷанҷолӣ суханронӣ кардааст.
Видеои ин чорабинӣ дар Ютуб нашр шуд ва бархе корбарони бодиққати қирғиз аҳамият доданл, ки дар харитаи электроние, ки ҳангоми суханронии Ҷабборов дар девори саҳна овехта шуда буд, ҷамоати Ворух, ки дар даруни қаламрави Қирғизистон дармондааст, дар ин харита бо қаламрави боқимондаи Тоҷикистон пайваст карда шудааст.
Масъалаи марзи атрофи Ворух як масъалаи хеле ҳассоси байни Тоҷикистону Қирғизистон боқӣ мемонад ва алакай чандин бор ба муноқишаҳои хунин овардааст. Ба ин далел, бисёриҳо дар Қирғизистон аз президент Ҷабборов талаб карданд, ки масъаларо шарҳ бидиҳад. Ба ақидаи онҳо, бо истифодаи ин харита Қирғизистон амалан роҳеро, ки бояд аз Ворух то марзи Тоҷикистон сохта шавад, ҳамчун қаламрави ин кишвари ҳамсоя эътироф кард. Ёдовар мешавем, моҳи майи соли ҷорӣ дар пайи муноқишаи хунинтарин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла дар марзи Ворух, ду кишвар ҷиҳати муштаракан сохтани роҳи Хоҷаи Аъло  — Ворух тавофуқ карданд.
Баъди онки ин харита баҳсҳои гармро ба вуҷуд овард, видеои ҷанҷолбарангезро аз Ютуб кӯр карданд ва шоми  20 ноябр Прокуратураи генералии Қирғизистон маҷбур шуд, ки масъаларо шарҳ диҳад. Дар ин идора гуфтанд, ки баннерро барои чорабинии бахшида ба Рӯзи кормандони прокуратура ба як ширкати хусусӣ фармоиш дода буданд. “Нафарони масъули масъалаҳои ташкилиро барои хунукназарӣ ҷазо хоҳанд дод”, – ваъда додаанд дар ин идора.
Ҷамоати Ворух, ки аз лиҳози ҳудудӣ ба шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон тобеъ мебошад, бо ҳудуди 30 ҳазор аҳолии саросар тоҷик дар даруни қаламрави Қирғизистон дармондааст. Сокинони Ворух барои сафар ба Исфара ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон маҷбуранд ду дафъа аз марзи Қирғизистон убур кунанд. Ҳар боре ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишае рух медиҳад, ягона роҳеро, ки Ворухро аз тариқи деҳаи марзии Хоҷаи Аъло бо Тоҷикистон мепайвандад, мебанданд ва сокинони Ворух дар муҳосира қарор мегиранд.
Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки аз Хоҷаи Аъло то Ворух роҳе сохта шавад, ки аз деҳаҳои қирғизнишин убур накунад ва равуо тавассути ин роҳ озодона сурат бигирад. Сокинони ноҳияи Бодканд ва бархе мақомоти қирғиз ин пешниҳодро қабул надоранд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.