расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Чӣ гуна СААД марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳким мебахшад

. / Сиёсат

Чӣ гуна СААД марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳким мебахшад

СААД барои вокуниш ба ташдиди авзоъ дар Афғонистон як гурӯҳи корӣ таъсис медиҳад

Дар пайи якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон, САД дар ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ин созмон як гурӯҳи фаврӣ таъсис медиҳад, гуфт Самад Ордабоев, муовини дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ.

Вай дар ин бора дар чорчӯби Форуми II таҳлилии Авруосиё изҳор дошт.

«Созмон рушди кунунии вазъ дар Афғонистонро таҳдиди ҷиддӣ ба амният медонад», — гуфт муовини дабири кулл.

Ордабоев иттилоъ дод, ки «дар сурати якбора бад шудани вазъ, дар Маркази вокуниш ба буҳрони СААД, дар ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори СААД як гурӯҳи фаврӣ барои назорати динамикаи вазъи кунунӣ ва авзоъ дар марз таъсис дода мешавад».

Ҳамчунин имкони таҳкими нерӯҳои СААД баррасӣ мешавад.

«Тадбирҳо ҷиҳати таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон, фароҳам овардани захираҳои моддӣ дар қаламрави кишварҳои узви СААД ҷиҳати таъмини омодагии баланди нерӯҳои дастаҷамъии ин созмон ва андешидани тадбирҳои башардӯстона дар робита ба гурезаҳои эҳтимолӣ таҳия шуда истодаанд», — гуфт ӯ.

Қаблан гуфта шуд, ки бӯҳрони Афғонистон Русияро водор кардааст, ки таҳкими соҳаи ҳарбӣ дар Осиёи Марказиро суръат бахшад.

Ҳамин тариқ, Русия ба Осиёи Марказӣ ҳавопаймоҳои Су-30СМ, чархболҳои Ми-35М, маҷмӯаҳои зиддимушакии Бук-М2Е, БТР-80 ва БТР-82А зиреҳпӯш фиристод.

Дар баробари ин ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон навъҳои БПЛА «Орлан-10Е», ва мошинҳои зиреҳпӯши «Тайфун-К» фиристода шуданд.
Мусаллаҳшавии пойгоҳи 201-ум, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, пайваста идома дорад. Дар чорчӯби тамринҳои СААД, ки моҳи ноябр дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон баргузор шуд, Русия силоҳҳои навро озмоиш кард.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.