расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ПАЁМИ АДВОКАТИ ЗИНДОНӢ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: МАРО ОМАДА, ДАР МАҲБАС ШИКАНҶА ДОДАНД, КИ БА ШУМО ШИКОЯТ НАКУНАМ… (ВИДЕО)

Асосӣ / Ҷомеа

ПАЁМИ АДВОКАТИ ЗИНДОНӢ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: МАРО ОМАДА, ДАР МАҲБАС ШИКАНҶА ДОДАНД, КИ БА ШУМО ШИКОЯТ НАКУНАМ… (ВИДЕО)


Саиднуриддин Шамсиддинов, адвокат ва судиҷрочии собиқ аз ноҳияи Вахш, ки дар поёни соли 2020 ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд, рӯзи 19 ноябр муроҷиатномаашро ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ нашр кард.
Саиднуриддин Шамсиддинов мегӯяд, ӯро бо мақсади пӯшондани қонуншиканиҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Вахш бар асоси иттиҳомоти сохтаю бофта маҳкум ба зиндон карда, барои онки дигар ба ягон ҷо шикоят накунад, аз номаш дар Интернет видеоҳо нашр карда, ба зиддаш бо иттиҳоми гӯё ҳамкорӣ доштанаш бо созмонҳои мамнӯи ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва “Гуруҳи 24” парвандаи нав оғоз карданд.
Адвокати зиндонӣ дар муроҷиаташ мегӯяд, ӯро барои як порча замин ва дар ҳоле ба чунин муддати тӯлонӣ маҳкум карданд, ки аз амалҳояш ба ягон кас зарар нарасидааст. Саиднуриддин Шамсиддинов мегӯяд, додситони ноҳияи Вахш ҳатто ба маҳбас омада, ӯро шиканҷа дод, то ки аз идомаи шикоятҳояш даст кашида, ба тақдир тан диҳад.
Саиднуриддин Шамсиддинов аз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ хостааст, ки парвандаи ӯро зери назорати худ бигиранд ва ба як додгоҳи беғараз бисупоранд.
“Агар гунаҳкор бошам, тайёрам, дар назди қонун ҷавоб диҳам. Лекин ман ягон гуноҳ надорам. Ягона гуноҳам ҳамин буд, ки қонуншиканиҳоро дар ноҳияи Вахш ошкор кардам…” – мегӯяд адвокати зиндонӣ.
Саиднуриддин Шамсиддиновро  моҳи декабри соли 2020 бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла барои харидуфурӯши замин ва қаллобӣ ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум карданд.  Ғ рӯзи 25 декабр дар сухани охирини худ дар додгоҳ  гуфт, иттиҳомоти ба зиддаш эълоншуда, аз ҷумла харидуфурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти ғалатро намепазирад. Шамсиддинов қаблан шикоят карда буд, ки пас аз чанд муроҷиат ба сомонаи президенти Тоҷикистон масъулони Додситонии ноҳияи Вахш ӯро “чап гирифтаанд” ва ба фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам медонанд.
Шамсиддинов дар Душанбе дар маҳбаси собиқ кормандони мақомоти қудратӣ, воқеъ дар наздикии раёсати БДА ҳукми худро адо мекунад.
Моҳи июн хабар омад, ки ба зидди  ин адвокат, ки алакай ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шудааст,  бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ, аз ҷумла  “Гуруҳи 24” парвандаи нав кушодаанд.  Гуфта мешуд, ки ӯ гӯё моҳи январдар бораи парванда ва норозигияш аз ҷараёни тафтишот ба “Гурӯҳи 24” ва “Паём.нет” муроҷиат кардааст.
Файзи Олӣ, вакили мудофеи Саиднуриддин Шамсиддинов,  он вақт гуфт, зерҳимояаш тавассути телефони маҳбас ба ӯ тамос гирифта, гуфтаст, ҳеч гоҳ ба “Гурӯҳи 24” муроҷиат накардааст. Вай афзуд, зерҳимояаш танҳо бо имзои “Саиди Садр” дар бораи беадолатӣ дар ноҳияи Вахш ба сомонаи президенти Тоҷикистон аризаву мақола менавишт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.