Фавти 6 тан аз заҳролуд будани маводи ғизоӣ

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 13 декабр ҷаласаиҷамъбастии Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквориро баргузор намуда, дар он аз фаъолияти Шӯро дар соли равон натиҷагирӣ шуд.

Дар ҷаласа таъкид шудааст, ки бо вуҷуди ин тадбирандешиҳо, соли равон дар кишвар 25 ҳодисаи заҳролудшавии 86 нафар аз маводи хӯрокворӣ, 19 ҳолати сироят ба бемории ботулизм ба қайд гирифта шудааст, ки 6 тан аз онҳо ҳалок шудаанд.

Ҳамаи ҳолатҳои заҳролудшавии шаҳрвандон ба истеъмоли сабзавоти дар шароити хона консервшуда дар ғизо вобаста мебошанд.

Бахусус таъкид шудааст, ки соли равон дар нуқтаҳои хӯроки умумии кишвар ягон ҳодисаи захолудшавии шаҳрвандон сабт нашудааст.

Зимнан зикр гардидааст, ки соли 2016 дар Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 317 тонна маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта мусодира шудааст. Аз бозорҳо наздики 90 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 3,8 тонна маҳсулоти ширӣ, 105 тонна сабзавоту мева, ки ба меъёрҳои сифат ҷавобгӯ набуданд, аз фурӯш гирифта шудаанд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа нақшаи кор барои соли 2017 қабул шуда, Азим Иброҳим дар мавриди тақвияти назорат аз болои таъмини бехатарии маводи ғизойӣ дар кишвар назди сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон