расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Чаро зани 27-сола худро аз ошёнаи 15-ум партофтан мехост?

Асосӣ / Ҷомеа

Чаро зани 27-сола худро аз ошёнаи 15-ум партофтан мехост?


Як ҷавонзани 27-солаи тоҷик бо мақсади худкушӣ худро аз ошёнаи 15-уми бинои баландошёна дар кӯчаи Бухорои пойтахт партофтан мехост. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳи фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, як зани 27 -солаи сокини кӯчаи Бухоро 34-и шаҳри Душанбе бо қасди худкушӣ кардан худро аз қабати 15 -уми бинои истиқоматӣ ба замин сарозер карданӣ буд, вале сокинони кӯчаи мазкур ба идораи КҲФ занг зада, аз ин ҳодиса наҷотдиҳандагонро хабардор намуданд. 

Вақте ки як гурӯҳ наҷотбахшон бо ҳамроҳии равоншинос ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, аллакай зан дар карнизи бино овезон буд ва касеро ба худаш наздик шудан намемонад. Равоншинос бо ин зан, риштаи ҷонаш дар сари мӯйе овезон буд, музокирот шурӯъ кард ва наҷотбахшон бо воситаи тирезаи дигар гузашта, занро ба даруни хона тела доданд. 

Пас аз сӯҳбат маълум гардидааст, ки ҷавнзан ба мушкилоти хонаводаӣ рӯ ба рӯ буда, дар пайи муноқишаи оилавӣ ба ин амал даст задааст. КҲФ мегӯяд, занро пас аз наҷот додан ба мақомоти дахлдор супурданд.

Сарчашма: oila.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.