расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҷавонон, интихобот ва манфиатҳои миллӣ

. / Ҷомеа

Ҷавонон, интихобот ва манфиатҳои миллӣ


Таҳти ҳамин унвон имрӯз, 2 сентбяри соли 2020 дар бинои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат, коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ (КМИР), Маркази миллии қонунгузорӣ ва Вазорати адлия ва волонтёрони ҷавон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо мақсади омода намудани волонтёрони кумита барои саҳмгузорӣ дар раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Коршиноси комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Махфират Хидирзода оид ба роҳнамоӣ ва ҷалби волонтёрони ҷавон, инчунин омода сохтани онҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ сухан ронда, аз ҷумла қайд намуд: “Дар марҳилаи ҳассос шабакаҳои иҷтимоӣ василаи хуб барои паҳн намудани иттилоот ба шумор мераванд. Дар ин раванд волонтёрони ҷавонро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои созандагии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ, саҳм гузоранд. Инчунин саҳми ҷавонон барои кӯмак намудан ба нозирони байналмилалӣ муассир арзёбӣ мегардад.”

Аз ҷониби волонтёрони фаъоли ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” барномаҳои пурмуҳтаво оид ба баргузории интихобот ироа гардид. Ҷавонон оид ба интихобот ва муҳтавои он ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар анҷоми чорабинӣ раис кумита Абдулло Раҳмонзода аз волонтёрони ҷавон даъват ба амал овард, ки бо иштирок дар маъракаи муҳимми сиёсӣ дар ободии Ватан саҳмгузор бошанд.

Саида НАРЗИЗОДА, "ҶТ"

2.jpg

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.