расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Рӯёрӯии Урупо бо буҳрони ногузир - интихоби сангин

Сиёсат / Ҷаҳон

Рӯёрӯии Урупо бо буҳрони ногузир - интихоби сангин

Дар марзҳои Лаҳистон даҳ ҳазор муҳоҷир аз Ховари Миёна зиндагӣ мекунад. Онҳо боз ҳам қасди рафтан ба Аврупои Ғарбиро доранд, зеро он ҷо имтиёзҳои иҷтимоии зиёде касб мекунанд. Аммо дар он ҷо онҳоро бо оғӯши боз пешвоз намегиранд.

Баръакс қонунгузории муҳоҷират сахттар мешавад. Ба ҷои зиндагии хушбахтона муҳоҷирон бо депортатсия ё лагерҳои муваққатӣ дар Африқо рӯ ба рӯ мешаванд.

Бидуни квота

Дар марзи Беларус ҳар рӯз паноҳандаҳо зиёд мешаванд. Онҳо ба роҳбаладон чанд ҳазор доллар пардохт кардаанд, то ба Аврупо бираванд. Аммо нақшаҳо барбод рафтанд: Лаҳистон қӯшунҳоро ҷойгир кард. Ҳарбиён аз гази ашковар истифода карданд, чанд нафар ҳангоми кӯшиши убури марз латукӯб шуд. Одамон шабро дар ҷангал гузаронда, дар назди гулханҳо гарм мешаванд.

Ҳамаи ин дар моҳи май, вақте оғоз шуд, ки Минск шумораи парвозҳои мустақим аз Бағдод ва Истанбулро зиёд кард. Иттиҳодияи Аврупо эътироз кард, вале Беларус онро нодида гирифт. Ҳавопаймоҳо ҳомили шаҳрвандони Туркия набуданд. Фурудгоҳи Отатурк бузургтарин маркази транзитӣ дар Ховари Миёна аст: аз Ироқ, Сурия, Афғонистон аз ин тариқ фирор мекунанд.

Агар сарҳад боз шавад ҳам, нафарони каме дар Лаҳистон боқӣ хоҳанд монд. Варшаваи католикӣ аз меҳмонони мусалмон чандон қаноатманд нест. Хусусан аз соли 2015, ки Ҳизби муҳофизакори қонун ва адолат ба қудрат расид. Раҳбари он Ярослав Качинский борҳо изҳор доштааст: квота барои ҷойгиркунии муҳоҷирон вуҷуд надорад.

Бале, худи Лаҳистон барои аксари меҳмонон ҷолиб нест. Онҳо дар мусоҳиба бо расонаҳо мегӯянд, мехоҳанд ба Олмон ё Фаронса раванд. Ғайр аз ин дар ин кишварҳо кайҳо боз диаспораҳои бузурги Ховари Миёна ва Африқо ташкил ёфтаанд.

Муҳоҷирон набояд ба таҳаммулпазирии олмониҳо ва фаронсавиҳо умед банданд. Ҳатто давлатҳои либералӣ қонунгузории худро сахттар мекунанд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.