расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Қазияи таҷовузи духтари ноболиғ аз сӯи муаллим ва дӯстонаш дар Тошканд: чӣ ҷазо гирифтанд

Ҷомеа / Ҷаҳон

Қазияи таҷовузи духтари ноболиғ аз сӯи муаллим ва дӯстонаш дар Тошканд: чӣ ҷазо гирифтанд

Ин ҳодиса баҳори соли ҷорӣ дар ноҳияи Мирободи пойтахт рух додааст. Муаллим ва ду дӯсташ як хонандаи 14-соларо водор карданд, ки бо онҳо «шиша» бозӣ кунад. Вақте духтар мағлуб шуд, онҳо талаб карданд, ки бо онҳо алоқаи ҷинсӣ кунанд

 Додгоҳи шаҳри Тошканд омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ва ду дӯсти ӯро, ки як хонандаи 14-соларо ба доми худ афтонданд, маҳкум кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба раҳбари тарҳи алаҳи таҷовуз NeMolchi.uz Ирина Матвиенко.

«Модари духтар гуфт, ки мурофиа ба охир расид. Ба ӯ чаҳор сол ва ба онҳо ду солӣ доданд. Маҳкумшудагон аз толори додгоҳ бурда шуданд. Онҳоро тибқи моддаи 128 (алоқаи ҷинсӣ бо шахси ба синни шонздаҳ нарасида)-и Кодекси ҷиноятӣ, ки бо ихтиёри худ ворид шудани ноболиғ ба алоқаи ҷинсиро дар назар дорад, маҳкум шуданд „, — ӯ гуфт.

Ба гуфти вай, модари хонандаи синфи 8-ум ва вакилони мудофеъи ӯ қасд доранд, муҷозоти сангин муқарар шавад, то гунаҳкорон бар асоси моддаи 118 барои таҷовузи дастаҷамъӣ ба ба номус (шарҳ аз идора — аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ) муҷрим шинохта шаванд.

Тавре Матвиенко қайд кард, духтар ҳамагӣ 14 сол дошт ва бинобар ин ӯ розигии огоҳона дода наметавонист.

Гута мешавад, ки ин ҳодисаи нангин баҳори соли ҷорӣ дар ноҳияи Мирободи пойтахт рух додааст.

Муаллим ва ду дӯсташ як хонандаи синфи 8-ро водор карданд, ки бо онҳо ‚шиша‘ бозӣ кунад. Вақте духтар мағлуб шуд, онҳо талаб кардаанд, ки бо онҳо алоқаи ҷинсӣ кунад.

Дар натиҷа, се мард духтарро фирефта, воқеан таҷовуз кардаанд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.