расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » "Толибон"* ҷавонеро барои гӯш кардани мусиқӣ дар Бадахшони Афғонистон куштаанд

Сиёсат / Ҷаҳон

"Толибон"* ҷавонеро барои гӯш кардани мусиқӣ дар Бадахшони Афғонистон куштаанд

Ҷавон дар пайи латукӯби ҷангҷӯён дар роҳ ба беморхона ҳалок мешавад

 «Толибон»* як ҷавони 19-соларо барои гӯш кардани мусиқӣ ба қатл расонидаанд
Ҳодиса дар деҳаи Заргарони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон рух додааст, хабар медиҳад, рӯзномаи «8 Собҳ» — и Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, ҷавони кушташуда Воҳидуллоҳ ном дошт ва нав мактабро хатм карда буд.

Воҳидулло ҳангоми гӯш кардани мусиқӣ бо телефони ҳамроҳ аз сӯи «Толибон»* кушта мешавад.

Ба гуфтаи манобеъ, «Толибон»* нахуст телефони мобилии ӯро хостаанд ва пас аз пай бурданд, ки ӯ мусиқӣ гӯш мекунад, ӯро лату кӯб ва сипас куштаанд.

Манобеъ ба рӯзнома гуфтаанд, ки ин ҷавон бар асари хунравии шадид дар роҳ ба бемористони вилояти Файзобод ҷон додааст.

Аммо мақомоти ҳукумати таҳти раҳбарии «Толибон»* то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Илова бар ин, «Толибон»* дар баъзе вилоятҳо тарошидани риш ва паст кардани мӯй бо усули ғарбиро манъ кардаанд.

Қаблан низ хабарҳо расида буд, ки ҷангҷӯён дар Бадахшон ва як қатор вилоятҳои кишвар гӯш ва навохтани мусиқиро мамнӯъ эълон карда, афроде, ки мусиқӣ гӯш мекунанд ва ё менавозанд, мавриди таъқиби онҳо қарор мегиранд.

Сарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.