расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Патрушев шумораи террористонро дар Афғонистон эълон кард

. / Ҷомеа

Патрушев шумораи террористонро дар Афғонистон эълон кард

Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар пайи як нишаст дар Деҳлӣ ба хабарнигорон гуфт, таҳдиди аслӣ аз Афғонистон терроризм аст.
Вай гуфт, ки тибқи ҳисобҳои гуногун, феълан дар Афғонистон беш аз 20 сохтори террористӣ фаъол аст.
Шумораи умумии террористон дар ин кишвар, ба гуфтаи котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия, аз 23 ҳазор бештар аст.
Патрушев ҳамчунин ба қочоқи маводи мухаддир дар минтақа таваҷҷуҳ карда гуфт, ки даромад аз ин роҳ то ҳол манбаи асосӣ барои фаъолиятҳои террористӣ боқӣ мемонад.
"Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи афюн дар ҷаҳон боқӣ мемонад, ки он то 90 дарсади бозори ҷаҳониро таъмин мекунад", - гуфт котиби Шӯрои амнияти Русия.
Ёдовар мешавем, 10 ноябр дар пойтахти Ҳиндустон нишасти котибони шӯроҳои амният баргузор шуд. Пас аз анҷоми ҷаласа изҳороте иборат аз 12 банд аз тарафи онҳо ба имзо расид.
Ин нишаст бо ширкати намояндагони Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон барпо шуд.
Намояндагони ин кишварҳо бар зарурати эҳёи Афғонистони осоишта бо риояи принсипҳои фарогир дар ҳукумат таъкид карда, ҳамчунин таҳдидҳои рӯёрӯи минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.