расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Буҳрони картошка намешавад? Гузориши Вазорат кишоварзӣ дар бораи аз ҳосил

Ҷомеа / Иқтисодиёт

Буҳрони картошка намешавад? Гузориши Вазорат кишоварзӣ дар бораи аз ҳосил

 Вазорати кишоварзии Тоҷикистон омори ҷамъоварии тамоми ҳосили имсоларо нашр кард.
Тибқи гузориш вазорат, ҳосили картошка ин дафъа аз нишондодҳои соли гузашта бештар аст.
Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то моҳи ноябри соли 2021 зиёда аз 691 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 қариб 145 тонна зиёд мебошад.
Дар ҷамъоварӣ вилояти Суғд пешсаф аст. Дар ин ҷо кишоварзон зиёда аз 340 ҳазор тонна ҳосили картошка ба даст овардаанд.
Дар вилояти Хатлон зиёда аз 108 ҳазор, дар ВМКБ қариб 18 ҳазор ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 224 ҳазор тонна картошка ба даст омадааст.
Картошка аз маҳсулоти асосӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва ҳамасола дар баҳорон бинобар камчинӣ нархи он гарон мешавад, ки вокунишҳоеро ба бор меоварад.
Аммо вазъи нарху бозори ин маҳсулот дар баҳори оянда чӣ гуна хоҳад шуд, вақт нишон медиҳад.
Ҷамъоварии ғалла низ, тибқи омори вазорат, бо муваффақият анҷом шуда, 921 хазор тоннаро ташкил дод, ки ин назар ба соли гузашта қариб 32,5 ҳазор тонна зиёд аст.
Ҷамъоварии умумии гандум 684,8 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 48,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Ҳисли сабзавот дар Тоҷикистон дар соли 2021 чунин аст:
579 ҳазор тонна пиёз,407 ҳазор тонна карам,240 ҳазор тонна помидор,105 ҳазор тонна бодиринг,114 ҳазор тонна сабзӣ128 ҳазор тонна дигар сабзавот.
Вилояти Хатлон аз рӯи ҳосили боғдорӣ – 93,5 ҳазор тонна анвоъи мухталифи мева ва 29,3 ҳазор тонна ангур пешсаф аст. Суғд бо ҷамъоварии 58,3 ҳазор тонна меваҳои мухталиф ва 41,5 ҳазор тонна ангур дар ҷойи дуввум аст.
Кишоварзон дар навоҳии тобеи марказ 31,5 ҳазор тонна меваи мухталифу 56,8 ҳазор тонна ангур ва дар ВМКБ ҳамагӣ 5,65 хазор тонна ҳосил ғундоштанд.
Дар сатҳи ҷумҳурӣ шумораи умумии он бештар — 189 ҳазор тонна мева ва 127 ҳазор тонна ангур мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.