расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БАҲСИ САХТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО АМАКБАЧААШ ПИРОМУНИ ПАРВАНДАИ МАДИНА

Асосӣ / Сиёсат

БАҲСИ САХТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО АМАКБАЧААШ ПИРОМУНИ ПАРВАНДАИ МАДИНА

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, ки ҷараёни тафтиши парвандаи азобу  уқубати Мадина Мамадҷоноваро таҳти назорати шахсии худ гирифтааст, дар робита ба ин парванда писари амаки худаш – Раҳмон  Умедҷони Нуриддинро низ ба назди худ даъват карда, барои нақши фаъолонааш дар пӯшондани ин парванда сахт ҷанг кардааст.
Рустами Эмомалӣ ба Умедҷони Нуриддин, ки додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбест, гуфтааст, ки “шумо бо чунин амалҳоятон обрӯи оилаи моро ба замин мезанед. Ман ин масъа
Рустами Эмомалӣ бо Умедҷони Нуриддин қариб ду ҳафта пеш, қабл аз баррасии масъалаи Мадина Мамадҷонова дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Душанбе ва дар нишасти ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзҳои 1 ва 2 ноябр доир шуданд, сурат гирифтааст.  Ҳам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи аввал ва ҳам президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат талаб карданд, ки масъулони дар кӯшиши пӯшондани ин парванда саҳим аз мақомот ронда шаванд.
Дар пайи ин дастурҳо, тавре қаблан хабар додем, Зафар Исмоилзода ҳамон рӯзи 2 ноябр аз мақоми сардори шуъбаи милисаи ноҳияи Сино барканор карда шуда, рӯзи 5 ноябр Сӯҳроб Салимзода, муовини аввали прокурори ин ноҳия низ тарки ин мансаб кард.
Аммо Умедҷони  Нуриддин, прокурори ин ноҳия дар мақомаш то ҳол боқӣ мондааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.