расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МАНЗАРАИ АТРОФРО БЕЗЕБ МЕКУНАД… АКНУН ДАР ДУШАНБЕ ОСОРХОНАИ АЙНИРО ЧАППА КАРДАНИАНД (ВИДЕО)

Ҷомеа / Иқтисодиёт

МАНЗАРАИ АТРОФРО БЕЗЕБ МЕКУНАД… АКНУН ДАР ДУШАНБЕ ОСОРХОНАИ АЙНИРО ЧАППА КАРДАНИАНД (ВИДЕО)

«Азия-Плюс» бо такя ба як манбаи наздик ба осорхонаи Садриддин Айнӣ хабар дод, ки бино ба маълумоти ҳанӯз расман тасдиқношуда, ҳоло дар пойтахти Тоҷикистон  масъалаи чаппа кардани ин осорхонаи сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик баррасӣ  шуда истодааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, аз номи муовини аввали шаҳрдори Душанбе Амирхон Қурбонзода ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо чунин мазмун нома омадааст.
 “Дар нома гуфта мешавад, ки осорхона ба Генплани шаҳр мувофиқ нест ва гӯё манзараи атрофро безеб мекунад. Маълум нест, ки дар ҷои осорхонаи Айнӣ чӣ биное сохтанианд”, – гуфтааст ин манбаъ.
Дар шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” ваъда додаанд, ки дар робита ба ин масъала маълумоти расмӣ ироа хоҳанд кард.
Ираҷ Айнӣ,  набераи  Садриддина Айнӣ, аз шарҳи ин масъала худдорӣ кардааст.
Осорхонаи Айнӣ дар маркази Душанбе соли 2018 дар арафаи 140-солагии ӯ тармим шуда буд.  
Садриддин Айнӣ барои саҳмаш дар рушди адабиёт ва забони тоҷикӣ ва дар таъсиси ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон шудааст.
Дар солҳои охир осорхонае, ки дар манзили Айнӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон таъсис додаанд, дар ҳақиқат, дар байни даҳҳо қасру кӯшку биноҳои осмонбӯсе, ки дар маркази Душанбе қомат афрохтанд, дигар мисли як кӯлбаи нообод менамояд. Ҳатто баъди тармими куллиаш дар соли 2018.
Вале мухлисони қалами Айнӣ мегӯянд, арзиши ин хонаи ба зоҳир назарногир дар он қаду басту зебу зиннаташ нест, балки дар арзиши маънавиаш аст, ки аз садҳо бинои осмонбӯс болост.
Бисёриҳо, бавижа равшанфикрони тоҷик, шеваи бозсозии пойтахти Тоҷикистонро ба боди танқид мекарданд ва мегӯянд, дар пойтахт ба хотири аз оҳану бетону шишаву пластик сохтани боз чанд бинои осмонбӯси безавқу беарзиш ҳама осори Душанбеи асри бистро аз байн бурда истодаанд. Вале ин осори назарногир таърихи як даврони муҳимест, ки Душанбе тайи ҳамин даврон аз як қишлоқаки хурди нообод  ба шаҳри комил ва ба пойтахти Тоҷикистон табдил ёфт. Осорхонаи Айнӣ ҳам, ба ақидаи равшанфикрон, як ҷузъи барҷастае аз ҳамин пораи таърихи Душанбест, ки метавонад мисли театри Маяковский, Почтамт, бозори Шоҳмансур, кинотеатри Ҷомӣва хеле дигар аз осори таърихии асри бисти пойтахти Тоҷикистон бебозгашт маҳв шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.