расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » РОНАНДАИ “ЛАМБОРГИНИ” ГУНОҲРО БА ГАРДАН ГИРИФТ. Ӯ ПИСАРИ РАИСИ СОБИҚИ БОХТАР БУДААСТ (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

РОНАНДАИ “ЛАМБОРГИНИ” ГУНОҲРО БА ГАРДАН ГИРИФТ. Ӯ ПИСАРИ РАИСИ СОБИҚИ БОХТАР БУДААСТ (ВИДЕО)

Ронандаи мошини гаронбаҳои “Ламборгини”, ки шаби 7 ноябр дар майдони Дӯстӣ дар рӯбарӯи бинои парлумони Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе ба як мошини “Тойота Кемри” бархӯрд, писари Ҳоҷӣ Амируллои Асаддуло (Амирулло Холов), додарарӯси президент ва раиси собиқи шаҳри Бохтар будааст.
Ба гуфтаи манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар БДА, кормандони ин ниҳод дар садама ронандаи “Ламборгини”ро гунаҳкор бароварданд ва ӯ ҳам бе ягон эътироз  айби вай будани ин садамаро ба гардан гирифта, ваъда додааст, ки мошини “Тойота”ро ҳам дуруст карда медиҳад. Ин манбаъ гуфт, “мошини “Тойота” ку, ба хайр аст, вале “Ламборгини” ягон 60 то 70 ҳазор доллараш мепарад, чунки ҳамаи қисмҳои эҳтиётиашро бояд якта якта аз хориҷи кишвар фармоиш диҳанд.”
Дар пайи он садама бисёриҳо аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки агар садама бо айби ронандаи “Тойота” рӯй дода бошад, пас “каппааш сӯхт”. Зеро мошини “Lamborghini Urus”  250.000 $ арзиш дорад.
Манбаи дигари “Бомдод” гуфт, 4 мошини тамғаи “Lamborghini Urus”, нархи умумиашон 1 миллион долларро Ҳоҷӣ Амируллои Асадулло ва фарзандонаш ба Тоҷикистон оварда, сетояшро фурӯхта, якеашро барои худ нигоҳ дошта буданд.
Амируллои Асадулло соли 1969 ба дунё омада, машқи шеър ҳам мекунад ва чанд маҷмӯаи ашъораш чоп шудааст. Ӯ солҳои пеш дар корпоратсияи “Рушди Хатлон”, яке аз бузургтарин гурӯҳҳои тиҷории фаъол дар ҷануби Тоҷикистон кор мекард. Амируллои Асадулло соли 2010 раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва соли 2014 шаҳрдори Бохтар, маркази вилояти Хатлон таъйин шуд. Вале 30 майи соли 2017 президент Эмомалӣ Раҳмон ӯро аз ин мақом барканор кард.
Солҳои охир Ҳоҷӣ Амирулло ба тиҷорат машғул аст ва дигар ба ягон мансаб таъйин нашуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.