расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Афзоиши кишти кӯкнор дар Афғонистон

. / Сиёсат

Афзоиши кишти кӯкнор дар Афғонистон

Ба навиштаи як рӯзномаи хориҷӣ, таҳрими ҳукумати толибон аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси афзоиши кишти кӯкнор дар Афғонистон шудааст

Таҳримҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бар ҳукумати толибон мунҷар ба афзоиши кишти хашхош дар бисёре аз нуқоти Афғонистон шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории «Reuters».

Тибқи омори пешакӣ, дар 22 вилояти Афғонистон дар маҷмуъ дар 224 ҳазор гектар замини кишоварзӣ кӯкнор кишт шудааст.

Бар асоси ин гузориш, бисёре аз афғонистониҳо барои таъмини зиндагии худ ба кишти хашхош рӯ овардаанд.

Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки кишти хашхош дар миқёси васеъ мушкилоти зиёдеро аз ҷумлаи қочоқ ва эътиёди маводи мухаддир, ҷиноят, бесуботии иҷтимоӣ, бадтар шудани вазъияти саломатии мардум ва тахриби сохтор иқтисодии Афғонистонро ба ҳамроҳ доштааст.

Иёлоти Муттаҳида аз замони ба қудрат расидани толибон миллиардҳо доллар маблағҳои Афғонистонро мунҷамид кардааст. Ин иқдом боиси афзоиши камбизоатӣ дар миёни мардум шудааст.

Cарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.