расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Зани ҳомила парвоз карда метавонад?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Зани ҳомила парвоз карда метавонад?


6-қоидае, ки ҳангоми парвоз зан бояд бидонад
Бо кушода шудани марз ва барқарор шудани парвози тайёраҳо ҳазорон-ҳазор одамон дар фикри сафар афтоданд, ки дар байнашон занони ҳомиладор низ ҳастанд. Табибони занона парвоз карданро ба хонумҳое, ки тифли батнашон аллакай 28 ҳафтаина ва аз ин калонтар шудааст, маслиҳат намедиҳанд. Чаро?
Мунаввара Додхоева, Академики АМИТ, доктори илмҳои тиб, профессор дар мавзӯи он ки занҳои ҳомила бо тайёра парвоз карда метавонанд ё не, изҳори назар намуда, таъкид кардааст, ки парвоз ҳам барои зан ва ҳам барои тифли батнаш метавонад хатарзо бошад. Тавре ки табиб мегӯяд, гап танҳо дар бораи имкони дар дохили тайёра таваллуд кардани зан намеравад, балки парвоз барои занони бордор хатарҳои дигар низ дорад. Аз ҷумла ин табиби ҳозиқ мегӯяд:
-Бояд қайд намоям, ки ҳомиладорӣ ин беморӣ нест, вале занҳои бордор бояд бо духтури занонаи минтақаи худ ҳамеша дар робита бошанд ва пеш аз парвоз маслиҳати табибонро бигиранд. Ннозукиҳое ҳастанд, ки занони модаршаванда бояд донанд ва ҳангоми сафар худр эҳтиёт намоянд.
-Чаро зани ҳомила бояд эҳтиёт намояд?
-Аксари духтурон дар давраи аввали ҳомиладорӣ, яъне се моҳи аввал бо ҳавопаймо сафар карданро ба занони бордор иҷозат намедиҳанд, зеро маҳз дар ҳамин марҳила занони ҳомила нишонаҳои заҳролудиро аз сар мегузаронанд. Бо сабаби норасоии оксиген, поин рафтани фишор, бад шудани ҳолати равонӣ, боло шудани шиддати эҳсос, шӯру ғавғо ва ларзиш хатари бачапартоӣ зиёд мегардад.
-Дар давраи охири ҳомиладорӣ сафар кардан чӣ хатар дорад?
-Табибон ба заноне, ки тифли батнашон 28 ҳафтаина ва аз ин калонтар шудааст, ба он хотир парвз карданро тавсия намедиҳанд, ки хатари зимни парвз хавфи пеш аз муҳлат таваллуд кардани зан ба миён омада метавнад. Дар ин давра эҳтимоли ба вуҷуд омадани фишор ва васеъшавии раги варид, инчунин омос низ вуҷуд дорад.
-Кай парвоз кардан бехатар аст?
-Маъмулан баъди 14 ҳафтаи ҳомилагӣ, яъне дар семоҳаи дуюм занҳо худро хубтар ҳис мекунанд ва духтури занона метавонад ба парвоз иҷозат диҳад, вале беҳтар мешавад, ки занон дар давраи ҳомиладорӣ аслан парвоз карданро ба нақша нагиранд.
-Чаро?
-Тибқи баъзе маълумотҳо эҳтимолияти хатари пайдо шудани бемории аутизм дар тифлакон вуҷуд дорад.
-Сафар кардани зани ҳомила зарур бошад, бояд дар тайёра чи гуна рафтор намояд?
-Ҳар як ширкати ҳавопаймоӣ вобаста ба шароитҳои худ қоидаҳои хосе барои занҳои ҳомила дорад ва ҳар як нафарро зарур аст, ки пеш аз сафар ба онҳо шинос шавад. Пеш аз парвоз, агар маълумотнома лозим бошад, пешниҳод намоед ва аз муоинаи духтур ҳатман гузашта, ҳаёти худ ва тифлатонро зери хатар нагузоред. Пас аз муоина, агар духтур иҷозаи парвоз дод, бояд баъзе қоидаҳоро ҳангоми парвоз риоя намоед.
1. Зани ҳомила пеш аз ҳама бояд ба ҷойи нишаст диққат диҳад, то ки қулай ва бехатар бошад. Барои худ ҳамеша дар аввали нишастгоҳ ҷой интихоб кунед, агар имконият дошта бошед, аз бизнес-класс чипта харидорӣ намоед.
2. Толори тайёра ҳангоми парвоз метавонад, сард бошад, аз ин рӯ бо худ гирифтани либоси гармро фаромӯш насозед. Мабодо либоси гарм надошта бошед, аз стюардесса хоҳиш кунед, ки бароятон ягон компал ё рӯйпӯши гарм пайдо намояд.
3. Либоси шумо бояд муносиб, яъне кушод ва озод бошад. Дар зери гарданатон болиштаки дамкардашуда гузоред ва дар миёнатон рӯмоли шоли ғафс бандед.
4. Ҳаргиз бехатарии худро фаромӯш накунед, ҳатман камарбанди амниятиро бубандед. Камарбанд аз поини шикам бояд баста шавад.
5. Барои он ки пойҳо ва мушакҳои кос варам накунанд, пас аз ҳар 30 дақиқа дар салон гардиш кардан айни муддаост.
6. Нӯшидани оби тоза ба зани ҳомиладор тавсия дода мешавад, зеро бо сабаби хушк будани ҳаво дар дохили ҳавопаймо, мумкин аст, тромбози рагҳо ва шахшавии хун ба миён ояд. Аз ин рӯ нӯшидани қаҳва ва чойро тавсия намедиҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.