расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Таъйиноти кадрӣ:

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Таъйиноти кадрӣ:

Аз Шифохонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Сиёвуш Мирзоев бо фармони вазири тандурстӣ аз дирӯз 3 ноябр сартабиб таъйин гардид.
“Қарор аст, имрӯз бо иштироки масъулони идораи тандурустӣ ва ҳукумат Сиёвуш Мирзоев минҳайси сартабиб барои коллективи ҳамкоронро муаррифӣ карда шавад”, - гуфт Убайдулло Худойбердиев, ҷонишини сартабиб.

Баъди аз вазифа рафтани Музаффархон Баҳодуров, мансаби сартабиб дар ноҳияи Мастчоҳ ҳудуди ду моҳ ба ин тараф холӣ буд.
Баҳодуров бештар аз панҷ сол дар ин вазифа кор кардааст, ҳоло минҳайси табиби ҷарроҳ фаъолияти худро дар шифохонаи ноҳия идома додаистодааст.
Сиёвуш Мирзоев то ин вақт вазифаи роҳбари шабакаҳои Кӯмаки аввалияти тиббию санитарии (КАТС) и ноҳияи Мастчоҳро ба зимма дошт. Мирзоев Сиёвуш Ҳомидовиш 9 сентябри соли 1979 дар шаҳри Душанбе дар оила табиб таваллуд шудааст. Соли 1996 МТМУ №4-и ноҳияи Мастчоҳро хатм кардааст.
Пас аз хатми мактаб соли 1999 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 2006 хатм намуда, инчунин он замон курси магистратураро низ ба поён расонидааст.
Ӯ фаъолияти кориашро солҳои 2007-2009 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, баъдан солҳои 2010-2013 ба сифати духтури мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи тафтишотии №2-и шаҳри Хуҷанд фаъолияти кориашро давом додааст.
Солҳои 2014-2015 дар Муассисаи назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Мастчоҳ ба ҳайси духтур, баъдан солҳои 2016-2018 вазифаи директории ин муассисаи давлатиро ба дӯш дошт.
Аз моҳи ноябри соли 2020 бо фармоиши вазири тандурустӣ ба вазифаи роҳбари шабакаҳои КАТС-и ноҳияи Мастчоҳ таъйин шуда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.