расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Кушта шудани 240 хабарнигор тайи моҳҳои гузашта дар Афғонистон

Асосӣ / Ҳаводис

Кушта шудани 240 хабарнигор тайи моҳҳои гузашта дар Афғонистон


Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон мегӯяд, дар камтар аз як соли гузашта беш аз 240 хабарнигор кушта ва захмӣ шудааст

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ахиран ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии хатми маофият аз ҷароими хабарнигорон гуфт, ки аз ноябри соли гузашта ба ин сӯ 12 хабарнигор кушта ва 230 хабарнигори дигар мавриди анвоъи хушунатҳо (захмӣ, латукӯб, таҳдид, тавҳин ва соири хушунатҳо) қарор гирифтааст.

«Аз ин ҳодисаҳои хушунат, як мавриди куштор ва 67 мавриди хушунат дар замони ҳукмронии Иморати Исломии Афғонистон ва боқимонда дар замони режими қаблӣ рух додааст», — омадааст дар баёния.

Дар изҳорот гуфта шудааст: «Аз он ҷое, ки хабарнигорон нақши умдаро дар иттилоърасонӣ ба шаҳрвандон бозӣ мекунанд, маофият аз ҷароим алайҳи хабарнигорон таъсироти манфиро бар ин раванд ворид намуда ва огаҳии омма аз воқеа ва баҳсҳои созанда барои рафъи чолишҳоро маҳдуд месозад».

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорони Афғонистон аз Имороти Исломӣ хостааст, то як механизми мушаххасе барои таъмини дахлнопазирии рӯзноманигорон таҳия ва парвандаҳои хушунат алайҳи хабарнигорон, бахусус ҳодисаҳои куштор ва латукӯби хабарнигоронро дар чаҳорчӯби қонун баррасӣ кунад, то гунахкорон ба чавобгарй кашида шаванд.

Дар ҳамин ҳол масъулони Вазорати умури дохилии «Толибон» (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) ду рӯз қабл дар як нишаст гуфта буданд, ки Имороти Исломӣ ба озодии баён ва дахлнопазирии хабарнигорон пойбанд аст ва бо хабарнигорон ҳамкорӣ хоҳад кард.

Тибқи омори ҷаҳонӣ, аз ҳар 10 омили ҷиноят алайҳи хабарнигорон дар саросари ҷаҳон танҳо як нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 9 нафар бо сабабҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.