расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » АЗ ДАРУНИ ЯК МОШИНИ АНГУРИ ТОҶИКИСТОН 156 КИЛО МАВОДИ НАШЪАДОР ЁФТААНД

. / Ҳаводис

АЗ ДАРУНИ ЯК МОШИНИ АНГУРИ ТОҶИКИСТОН 156 КИЛО МАВОДИ НАШЪАДОР ЁФТААНД

Кумитаи давлатии боҷхона ё гумруки Ӯзбекистон хабар дод, ки кормандони боҷхонаи “Ойбек” дар марзи вилояти Тошканди Ӯзбекистон бо вилояти Суғди Тоҷикистон аз кӯшиши қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир пешгирӣ кардаанд. Аз дохили пинҳонгоҳи як мошини боркаше, ки аз Тоҷикистон ба Русия қариб 21 тонна ангур мебурд, дар умум 156 кило маводи мухаддири “афғонӣ”, аз ҷумла наздики 150 кило кило ҳашиш (чарс), қарим чоруним кило афюн ва беш аз якуним ҳероин ёфт ва мусодира кардаанд.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст. Як қисми аъзами ин маводи мухаддир аз ҷониби қочоқбарон бо истифода аз қаламрави Ӯзбекистон ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, интиқол дода мешавад.
Хадамоти матбуоти боҷхонаи Ӯзбекистон хабар дод, ки ахиран дар посгоҳи “Ойбек” кормандони боҷхонаи вилояти Тошканд аз як кӯшиши қочоқи миқдори хеле бузурги маводи мухаддир пешгирӣ кардаанд. Кормандони боҷхона ё гумрук як мошини фураро, ки тибқи санадҳояш, 20,8 тонна ангур дошт ва тариқи Ӯзбекистон ҳамчун транзит ба Русия мерафт, тафтиш карданд. Системаи электронӣ нишон додааст, ки ин мошин бори аввал вориди қаламрави Ӯзбекистон мешавда. Ба ин далел, мошинро ба таври мӯшикофона тафтиш кардаанд. Шубҳаи кормандони боҷхонаро фарши бордони мошин барангехт ва онҳоро ин мошинро барои тафтиши боз ҳам амиқтар ба боҷхонаи “Янгийӯл” интиқол додаанд.
Дар инҷо ҳамаи ангурро аз мошин фароварда, қисмати фарши мошинро тафтиш кардаанд. Дар натиҷа як пинҳонгоҳеро пайдо кардаанд, ки бо пенополиуретан, як навъ кафки кимиёвӣ, ки дар сохтмонҳо зиёд истифода мешавад, пӯшонда шуда буд. Кормандони боҷхона фарши мошинро канда, дар дохилаш 141 зарфи пластикии рангаш сабзро пайдо карданд.
 “Дигар ҳамаро як суол ҷазб мекард, ки оё дар дохили ин зарфҳо чӣ бошад? Ҳамин тавр, дар натиҷаи истифодаи технологияҳои муосир, саривақт кӯшиши қочоқи дар маҷмӯъ 156 кило маводи мухаддир пешгирӣ карда шуд. 149 килою 760 грамм ҳашиш, 4 килою 440 грамм афюн ва 1 килою 520 грамм ҳероин ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардид”, – гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуоти боҷхонаи Ӯзбекистон.
Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.