расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Лавров гуфт, НАТО намехоҳад бо Русия ҳеҷ гуна ҳамкорӣ дошта бошад

Сиёсат / Ҷаҳон

Лавров гуфт, НАТО намехоҳад бо Русия ҳеҷ гуна ҳамкорӣ дошта бошад

Роҳбари ВУХ Русия қайд кард, агар НАТО барои муроҷиат ба Маскав далел дошта бошад, метавонад тавассути сафири Белгия анҷом диҳад

 Русия ҳеҷ иттилое надорад, ки НАТО бо Маскав робита барқарор карданист ва ҳамзамон паймон намехоҳад, ки ҳамкорӣ кунад.

Дар ин бора рӯзи якшанбе дар пайи нишасти кишварҳои G20, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Мо ҳеҷ иттилое дар бораи чӣ кор кардани НАТО надорем. Мо ба далелҳо такя мекунем ва далелҳо ба ҳадде ҳаст, ки НАТО намехоҳад бо мо ҳеҷ гуна ҳамкорӣ дошта бошад», — изҳор дошт Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия.

Вазири хориҷаи Русия ҳамчунин таъкид кард, ки агар НАТО далеле барои муроҷиат ба Маскав дошта бошад, онҳо метавонанд ин корро тавассути сафири Белгия анҷом диҳанд.

«Мо ба Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ хабар додем, ки дар сурати рӯй додани чизе, шумо метавонед тавассути ин дипломат муроҷиат кунед», — гуфт вазир.

Рӯзи 6 октябр НАТО эълон кард, ки теъдоди намояндагии Русия дар ин созмон аз 20 то 10 нафар коҳиш ёфт. Паймон ба дипломатҳои рус то охири моҳи октябр фурсат дод, ки Брюсселро тарк кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Лавров рӯзи 18 октябр эълон кард, ки Федератсияи Русия кори намояндагии доимии худро дар НАТО аз аввали моҳи ноябр пас аз тасмими Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар бораи лағви аккредитатсияи кормандони намояндагии доимии Русия мутаваққиф кардааст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.