расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » КҲФ аз фавти ду нафар дар Рашту Панҷ хабар дод: Яке 6 ва дигаре 39 сол дошт

Ҷомеа / Ҳаводис

КҲФ аз фавти ду нафар дар Рашту Панҷ хабар дод: Яке 6 ва дигаре 39 сол дошт

Кӯдаки 6-сола бинобар беаҳамиятии калонсолон дар канали об ғарқ шуда, ҷон бохтааст

 Дар деҳаи Сомони ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон як кӯдаки 6-сола дар об ғарқ шуда, ҷон бохтаст, хабар дод КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, ноболиғ бидуни назорати волидону калонсолон ба канали Қумсангир сарозер шудааст. Наҷотбахшон ҷасади кӯдакро 400 метр дуртар аз макони ҳодиса дарёфт намуда, ба волидони ӯ супурдаанд.

Гузашта аз ин як мавриди ғарқшавии дигар дар ноҳияи Рашт ба вуқуъ пайвастааст.

Манбаъ меафзояд, сокини 39-солаи деҳаи Калакуни ҷамоати деҳоти Ғарм, ки бемори рӯҳӣ будааст, аз хона баромада, дигар барнагаштааст. Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади ӯ 12 километр дуртар аз макони зисташ пайдо гаштааст.

Наҷотбахшон ҷасадро аз деҳаи Деҳқонобод, аз лаби рӯди Сурхоб пайдо ва ба мақомоти марбута таслим намудаанд.

КҲФ бо нашри ин ду хабари нохуш аз тамоми шаҳрвандон даъват намудааст, ки кӯдаконро бидуни назорат нагузоранд ва дар назди рӯду каналҳо қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.