расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Марди муттаҳам ба қатли Руфайда "ба ҳабси абад маҳкум шуд"

Ҷомеа / Ҳаводис

Марди муттаҳам ба қатли Руфайда "ба ҳабси абад маҳкум шуд"

Пайвандони Руфайда Иноятова гуфтанд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҳматулло Гадоеви 30-соларо дар қатли фарзанди онҳо гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кард.
Додгоҳи олӣ то ҳол дар ин бора расман хабар надодааст. Шарҳи пайвандон ва вакили мудофеи Гадоев низ дастрас нест. Маълум нест, онҳо аз рӯйи ҳукм шикоят мебаранд ё не.
Валиҷон Иноятов, падари Руфайда Иноятова, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон 19-уми октябр эълон шуд. Ӯ гуфт, ҳақ надорад, дар бораи мурофиаи додгоҳӣ ҷузъиёт бидиҳад, вале ҳамзамон афзуд: "Танҳо ҳаминро мегӯям, ки аз ҳукми додгоҳ розием. Талаби мо аз аввал ҳамин буд, ки ин шахс ба ҳабси абад маҳкум шавад."
Назари ҷониби дигар то ин дам дастрас нест. Ба сабаби пӯшида будани мурофиаи додгоҳӣ хабарнигоронро роҳ надоданд ва, аз ин рӯ, маълум нест, Раҳматулло Гадоев ва вакили мудофеаш дар додгоҳ чӣ гуфтаанд.
Раҳматулло Гадоев дар як навори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Раҳматулло Гадоев дар як навори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Руфайда Иноятова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, тобистони имсол аз назди манзилашон нопадид шуд ва пас аз як рӯз ҷасади порашудаи ӯро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя ёфтанд.
Қатли Руфайда вокунишҳои зиёди намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён овард ва онҳо талаб карданд, ки ҷазо барои озори ҷинсии ноболиғон дар кишвар пурзӯр карда шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.