расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Қазоқистон бо вуҷуди танқидҳо узви Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ шуд

Сиёсат / Ҷаҳон

Қазоқистон бо вуҷуди танқидҳо узви Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ шуд

Маҷмаи умумии СММ рӯзи 14-уми октябр 18 узви Шӯрои ҳуқуқи инсони ин созмонро интихоб кард. Дар миёни аъзои нав Қазоқистон, Сомалӣ ва Қатар низ, ки барои нақзи ҳуқуқи инсон пайваста танқид мешаванд, ҳастанд.

Барои ба узвияти ин шӯро шомил шудан 97 овоз даркор аст. Ба ҷонибдорӣ аз Қазоқистон 184 ҳайати Маҷмаи умумии СММ раъй додаанд.
Дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон аз 15 октябр омадааст, «ба узвияти ин ниҳоди ҷаҳонии ҳуқуқи инсон шомил шудани кишвари мо маънои онро дорад, ки нақши он ба ҳайси иштирокчии фаъоли раванди пешбурди меъёрҳои байналмилалӣ дар бахши ҳимояти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон эътироф шудаанд».

«Самти афзалиятноки фаъолияти Қазоқистон дар Шӯрои ҳуқуқи инсон пешбурди баробарии ҷинсӣ, тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои занон, пурра бекор кардани ҳукми қатл, мубориза бо ҳама гуна таҳаммулнопазирӣ, озодии динӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи коронавирус аст», — қайд шудааст дар иттилоия.

Қазоқистон дар ҳоле ба узвияти шӯрои мазкури СММ шомил шуд, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башари маҳаллӣ ва байналмилалӣ онро пайваста барои нақзи ҳуқуқи инсон танқид мекунанд.

Сарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.