расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Қазоқистон эътирозгарони назди сафорати Чинро боздошт кард

. / Ҷаҳон

Қазоқистон эътирозгарони назди сафорати Чинро боздошт кард

Назди сафорати Чин дар шаҳри Нурсултон. 23 сентябри соли 2021.

Пулиси Қазоқистон шоми 23-юми сентябр ҳудуди даҳ нафареро, ки бо талаби раҳоии наздиконашон аз боздоштгоҳҳои Шинҷон дар назди сафорати Чин дар шаҳри Нурсултон ҷамъ шуда буданд, боздошт кард.

Дар ин бора фаъоли мадании қазоқтабор Байболат Кунболатулӣ, ки бародараш дар яке аз боздоштгоҳҳои минтақаи Шинҷони Чин нигаҳдорӣ мешавад, дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» хабар дод.

«Кормандони пулис ҳамаи занони ҷамъшударо бо худ ба ҷои номаълуме бурданд», — изҳор дошт фаъоли қазоқтабор. Дар Раёсати пулиси Алмато гуфтанд, ки дар бораи боздошти таҷаммуъгарони назди сафорати Чин маълумот надоранд.

Ҳудуди даҳ нафар аз аввали ҳафтаи равон ба ин сӯ дар назди сафорати Чин дар Нурсултон ҷамъ шуда, раҳоии наздиконашонро аз боздоштгоҳҳои Шинҷон талаб мекунанд. Онҳо 22 сентябр низ дар назди сафорат гирди ҳам омада, хостанд сафири Чин Чжна Сяо Қазоқистонро тарк кунад. Бештари эътирозгарон занони нафақахӯранд.

Сарчашма.  ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.