расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » Раҳмон Тоҷикистонро ба узвияти Шӯрои Амнияти СММ пешбарӣ кард

. / Президент

Раҳмон Тоҷикистонро ба узвияти Шӯрои Амнияти СММ пешбарӣ кард

Тоҷикистон ният дорад дар мубориза бо таҳдидҳо, инчунин барқарор кардани сулҳу субот тавассути музокирот мубодилаи таҷриба кунад

Тоҷикистон метавонад аз соли 2028 то 2029 узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид шавад.
Дар ин бора президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми видеоии худ ба ширкаткунандагони иҷлосияи 76 -уми Маҷмаи Умумии СММ гуфтааст.

«Мо тасмим гирифтем, ки кишвари худро дар давраи аз соли 2028 то 2029 ба узвияти доимии Шӯрои Амният пешбарӣ кунем», — гуфт сарвари давлат.

Ба гуфтаи Раҳмон, ҷумҳурӣ ният дорад дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои Шӯрои Амнияти СММғайридоимӣ тавассути «мубодилаи таҷрибаи ғании Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдидҳо ва барқарорсозии субот бо роҳи музокирот» саҳм гузорад.

Ҳамчунин, сарвари давлат гуфт, ки ҷумҳурӣ шумораи нирӯҳои сулҳи худро дар минтақаҳои низоъ афзоиш хоҳад дод.

Раҳмон таъкид кард, ки мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи ҳамкории ҷумҳурӣ ва СММ -ро мусбат арзёбӣ мекунанд. Кишвар минбаъд низ фаъолияти сулҳҷӯёнаи созмонро дастгирӣ хоҳад кард «ва саъй хоҳад кард, то дар барқарорсозӣ, нигоҳ доштани сулҳ ва субот дар минтақаҳои низоъ дар сайёра кумак кунад», — афзуд президент.

Дар ҳоли ҳозир миёни аъзои доимии Шӯрои Амнияти СММ панҷ кишвар ҳастанд: Русия, ИМА, Бритониё, Чин ва Фаронса.
Давлатҳои гуногун ба муҳлати муаян узви Шӯрои Амнияти ин созмон шуданд. Аз Осиёи Марказӣ танҳо Қазоқистон аз соли 2017 то 2018 узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ буд.


Сарчашма. ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.