расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Меҳмоннавозии тоҷикона. Пазироии гарми Раҳмон аз раҳбарони СҲШ ва СПАД

. / Сиёсат

Меҳмоннавозии тоҷикона. Пазироии гарми Раҳмон аз раҳбарони СҲШ ва СПАД

Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе ба ифтихори сарони кишварҳои узви СҲШ ва СПАД шоми дӯстие дар фазои боз ташкил кард

 Пас аз анҷоми ҷаласаҳои СПАД ва СҲШ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахотири меҳмонони олимақом дар бӯстонсарои ҳукумат шоми дӯстӣ орост, хабар медиҳад дафтари матбуоти сарвари давлат.

Дар бӯстонсарои ҳукуматӣ Раҳмон ба меҳмонон намоишгоҳи дурахшони маҳсулоти кишоварзиро нишон дод, ки дар он даҳҳо навъи меваю хушкмева , харбузаю тарбуз ва хӯрокҳои миллии кишвар гузошта шуда буданд.

Дар ин шаб сарони Беларус Александр Лукашенко, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазирони Арманистон Никол Пашинян ва Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон иштирок карданд.

Шоми дӯстӣ ҳамзамон ба Ҷашни таърихии 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шонгҳой ва поёни соли раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ рост омад.

Гуфта мешавад, меҳмонон дар фазои дӯстӣ ва бародарӣ гуфтугӯ намуда, ба сарвари Тоҷикистон барои самимият ва меҳмоннавозии зоҳиршуда изҳори сипос намуданд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.