расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Манижаи Давлат шуморо гӯш мекунад!

Асосӣ / Ҷомеа

Манижаи Давлат шуморо гӯш мекунад!



Манижаи Давлат шуморо гӯш мекунад! Замоне “Оила” Манижаро бо мухлисонаш мепайваст Манижаи Давлат-бонуи фариштарӯй ва фариштахӯйе, ки бо симои малакутӣ, садои ширадор ва маҳорати нотакрораш дар санъати эстрадии тоҷик ба маънои томаш инқилоби ҳунарӣ карда буд.



Зуҳури Манижа дар саҳнаи ҳунари тоҷик воқеан як тазоҳуроти фарҳангӣ буд, зеро ҳар як таронае, ки ин духтараки резаҷуссаи камонабрӯ месуруд, дарҳол ба дили хурду калон роҳ ёфта, вирди забони мардум мегашт, ва ба қавле “хит” мешуд. 

Мардум Манижаро хеле самимонаю содиқона дӯст медоштанд, пиронсолон ӯро духтарам садо мекарданд, ҷавонон хоҳар мехонданд, хурдтаракон бошад, апаҷон гӯён, дар атрофаш ба мисли парвонаҳо пар-пар мезаданд. Манижа танҳо як ҳунарманд, фақат як ситораи духтархош не, азизи дили мардумон гашта буд ва меҳраш то ба имрӯз аз дили хурду калон нарафтаасту намеравад. 

Қабл аз Манижа ва баъди Манижа низ даҳҳо зебосанамҳо дар саҳна ҷилванамоӣ карданд, соҳиби нону ном гаштанд, аммо ҳеҷ кас то кунун ҷойи холии Манижаи Давлатро дар саҳна пур карда натавонист. 

Сарчашма: ​oila.tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.