расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Эълони омори тозаи сироят, шифо ва фавт аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

. / Ҷомеа

Эълони омори тозаи сироят, шифо ва фавт аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

 Дар Тоҷикистон шабнурӯзи гузашта 35 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамин тариқ, аз аввали ҳамагирӣ то кунун дар кишвар 16 852 нафар мубталои вируси корона шудааст.
Инчунин, тибқи маълумоти охирини Вазорати тандурустӣ, дар як рӯзи охир 38 нафар беморони гирифтори коронавирус шифо ёфтанд.
Дар маҷмӯъ, 16 698 нафар аз сирояти нави коронавирус шифо ёфтаанд.
Аммо, ягон марги нав аз COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, тайи шабонарӯзи охир ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Аз замони кашфи нахустин ҳолати коронавирус дар Тоҷикистон то кунун ин вабои аср ҷони 124 нафарро гирифтааст.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон чанде пеш гуфта буд, марҳалаи афзоиши беморӣ ба поён расида, ҳолати сироятшавӣ рӯз ба рӯз кам мешавад.
Ӯ афзуд, ки ояндаи наздик кишвар бар коронавирус пирӯз хоҳад шуд.

"Вазъият муътадил ва идорашаванда буда, пирӯзии мо алайҳи мавҷи дуюм наздик шудааст, вале дар ин самт бояд маъракаи ваксинакунонии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода шавад", - изҳор дошт вазири тандурустӣ.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.