Симоб мусодира карда шуд


Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Айнӣ бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд дастгир гардид.

Ҳангоми кӯшиши фурӯхтан аз гумонбаршуда 2 килою 177 грамм маводи моеъи “симоб” дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон