расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАЙЗАДАИ ОДАМКУШ

Асосӣ / Ҷомеа

МАЙЗАДАИ ОДАМКУШ


Мастӣ ба пастӣ мебарад гуфтани халқ беҳуда нест. Нӯшидани шароби зиёд ақли касро тира гардонида, зери таъсири май инсон метавонад даст ба ягон амали номатлуб ва норавое занад, ки оқибаташ афсӯсу вовайлост, вале пушаймонӣ дигар суд надорад.

Ҳодисаи нохуше, ки дар ноҳияи Ҷайҳун сар зад, далели равшани ин гуфтаҳост.

Вазорати умури дохилаи кишвар аз боздошти як сокини 32-солаи ноҳияи Ҷайҳуни Вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар куштор гумонбар дониста мешавад.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, шоми 30-июл, тахминан соатҳои 23-30-и шаб боздоштшуда дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Панҷ дар соҳили руд бо як марди 42-солаи шиносаш айшу ишрат намуда, нӯшкиҳои спиртӣ нӯшидаанд. Байни ин ду ошно дар ҳолати мастӣ ҷангу ҷанҷол бархоста, дар рафти моҷаро марди 32-сола ҳамқадаҳи 42-солаашро мурданивор лату кӯб кардааст.  

Ба ҷойи он ки ҷабрдидаро ба бемористон барад ё ба ӯ ёрии аввалини тиббӣ расонад, гумонбар баъди содир намудани ин амали авбошона аз ҷайби рақиби захмии дар хоку хун ғарқаш 300 сомониро гирифта, аз ҷойи ҳдиса фирор намудааст. Дар натиҷа марди 42-сола бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардштааш дар макони ҳодиса ба ҳалокат расидааст.  

Айни замон нисбати гумонбар бо қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Сарчашма: oila.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.