расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Шарҳи Вазорат дар бораи “латукӯбу мубталои коронавирус шудани вазир”: дар Маскав аст

Асосӣ / Сиёсат

Шарҳи Вазорат дар бораи “латукӯбу мубталои коронавирус шудани вазир”: дар Маскав аст


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон овозаҳо дар бораи латукӯб ва гирифтор шудани вазир — Ҷамолиддин Абдуллозода ба «вируси корона» — ро такзиб мекунад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ин рӯзҳо дар шаҳри Маскави Русия ҷиҳати анҷоми як сафари корӣ қарор дорад, иттилоъ дод Эмомалӣ Мирзо, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ба Sputnik Тоҷикистон.

Ҳузур надоштани вазири тандурустӣ дар нишасти матбуотӣ ва маросими қабули 1,5 миллион воя ваксинаи ироанамудаи ИМА дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳадсу гумонҳоеро ба вуҷуд овард. Бархе гуфтанд, ки вазири тандурустӣ гирифтори коронавирус шудааст ва гузоришҳое ҳам паҳн гардиданд, ки Абдуллозода ва гуруҳи табибони баландпояи дигар аз сӯи фарзандони Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари марҳуми раисиҷумҳури Тоҷикистон латукӯб шудаанд. Бар асоси гузоришҳо, наздикони марҳум Раҳмонова, табибонро ба табобати нодуруст муттаҳам кардаанд.

Аммо Эмомалӣ Мирзо ин иддаоро бепоя хонда, афзуд, ки Абдуллозода дар Маскав аст.

«Ҳадафи сафари вазир ба Маскав ниҳоӣ кардани музокирот бо мақомоти Русия сари ба даст овардани ваксинаи „Спутник V“ барои Тоҷикистон аст. Ҳамчунин, вазири тандурустӣ яке аз аввалинҳо шуда, ваксина гирифта буданд ва гирифтории он кас ба „вируси корона“ низ сиҳат надорад», — гуфт Эмомалӣ Мирзо.

Сухангӯи Вазорат афзуд, қарор аст, ки Абдуллозода то охири ҳафта ба ҷои кораш баргардад. Тасдиқи ин иттилоъ феълан аз манобеи дигари мустақил даст надодаст.

Ин иддао дар ҳоле нашр шудаанд, ки ахиран Қурбонбӣ Раҳмонова дар рӯзи Иди Қурбон дар синни 64 — солагӣ даргузашт. Сабаби фавташ коронавирус гуфта мешавад.

Тибқи иттилои расмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз аввали ҳамагирии коронавирус то шоми 25 июл дар ҷумҳурӣ 117 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд. Аммо бар асоси хабару паёмҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, шумораи фавтидаҳо аз ин вабо бештар аз омори расмӣ арзёбӣ мегардад.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.