расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Таниши дипломатӣ миёни Кобулу Исломобод дар пайи рабуда шудани духтари сафири Афғонистон дар Покистон

Асосӣ / Сиёсат

Таниши дипломатӣ миёни Кобулу Исломобод дар пайи рабуда шудани духтари сафири Афғонистон дар Покистон


Ин шабу руз миёни Афғонистон ва Покистон ҷанҷоли дигаре бархостааст. Ин бор таниш бар сари ҳимояти Покистон аз Толибон нест, балки ҳоло Кобул Покистонро ба бадрафторӣ ба духтари сафири худ дар Исломобод муттаҳам мекунад. Дар вокуниш раиси ҷумҳури Афғонистон, сафир ва дигар дипломатҳои баландпояи кишварашро аз Исломбод ба Кобул фаро хондааст. Ҳоло қазияи рабуда шудани духтари сафири Афғонистон дар Покистон боиси як таниши дипломатӣ миёни ду кишвар шудааст.

Се руз пеш Силсила Алихел аз сӯи афроди номаълум рабуда ва мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон гуфтааст, ки ӯ рӯзи ҷумъа ҳангоми бозгашт аз бозор ба хона рабуда шудааст. Сафири Афғонистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии духтараш хуб аст.

Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон рӯзи якшанбеи 18-уми июл гуфт, ки президент Ғанӣ ба вазири корҳои хориҷии он кишвар дастур додааст, ки то муҷозот шудани онҳое, ки Силсила Алихелро рабудаанд, сафир ва дипломатҳои дигари афғон ба Кобул фаро хонда шаванд.
Дар ин байн, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон дар «Твиттер"-и худ навишт, ки «рабуда ва шиканҷа шудани духтари сафири Афғонистон равони миллати моро захмӣ кардааст. Равони миллии мо захмӣ шудааст».

Вазорати корҳои хориҷии Покистон шаби гузашта аз тасмими раиси ҷумҳури Афғонистон дар робита ба фаро хондани сафири худ аз Исломобод, ибрози таассуф кардааст. Тибқи ин баёния, вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ бо Наҷибуллоҳ Алихел, сафири Афғонистон мулоқот кардааст. Мақомоти покистонӣ ибрози умедворӣ кардаанд, ки ҳукмати Афғонистон дар бораи тасмими худ таҷдиди назар кунад.

Толибон ҳам дар вокуниши худ гуфтаанд, ки рабуда шудани як духтари афғон дар Покистон иқдоме алайҳи ислом ва башарият аст ва бо шиддат онро маҳкум мекунанд. Муҳаммад Наъим, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар шаби гузашта дар паёми твиттерӣ аз ҳукумати Покистон хост, ки ҳарчӣ зудтар омилони рабуда шудани духтари сафири Афғонистон дар Покистонро боздошт ва муҷозот кунад.

Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон рӯзи шанбе сафири Покистон дар Кобулро ба ин вазоратхона даъват кард ва эътирози сахти худро ба ӯ расонд.

Имрон Хон, сарвазири Покистон ба вазири дохилии худ дастур додааст то ин қазияро зарфи 48 соат ҳал кунад. Шайх Рашид Аҳмад, вазири корҳои дохилии Покистон ба хабарнигорон гуфт, ки дар робита ба ин қазия се ронандаи таксӣ мавриди таҳқиқ ва бозҷӯӣ қарор гирифта, ин парванда ба зудӣ такмил хоҳад шуд.

Шайх Рашид афзуд, «суханони ҳар се ронанда мавҷуд аст. Чизе ки духтари сафир гуфтааст, низ дар парванда сабт шудааст. Онҳо шикоят кардаанд ва мо онро сабт кардаем. Дастури нахуствазир ин буд, ки ин қазия дар 48 соат баррасӣ шавад, агар дар 48 соат нашуд, дар 72 соат такмил хоҳад шуд».

Рабуда духтари сафири Афғонистон дар Исломобод вокунишҳои сахтеро дар дохил ва хориҷи Афғонистон барангехтааст. Рӯзи якшанбе садҳо нафар дар Кобул ва Нангарҳор раҳпаймоӣ карданд. Эътирозгарон гуфтанд, ки ҳукумати Покистон дар ин қазия даст дорад.
Покистон қаблан низ ба саҳлангорӣ дар таъмини амнияти дипломатҳои афғон муттаҳам шудааст. Абдулхолиқ Фароҳӣ, сафири пешини Афғонистон дар Исломобод соли 2008 рӯзона дар Пешовар рабуда шуд ва ду сол баъд дар натиҷаи амалиёти низомии печида, дар як минтақаи марзӣ раҳо карда шуд.

Сарчашма: ozodi.org

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.