расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » РАФТАНДУ МО ҲАМ МЕРАВЕМ… ҚУРБОНАЛӢ РАҲМОН ҲАМ МОРО ТАРК ГУФТ (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

РАФТАНДУ МО ҲАМ МЕРАВЕМ… ҚУРБОНАЛӢ РАҲМОН ҲАМ МОРО ТАРК ГУФТ (ВИДЕО)

Мутаассифона, мӯъҷизае, ки диламон ин қадар мехост, рух надод. Қурбоналӣ Раҳмон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки рӯзи 9 июл дар Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи “Якум Советский” баъди чанд рӯзи беёдӣ чашмонашро кушод, натавонист бар коронавирус пирӯз шавад. Ҳунарманди маҳбуб шаби 10 июл дар бемористон дар синни 67 аз олам чашм пӯшид.
Қурбоналӣ Раҳмонро шоми 6 июл бо аломатҳои коронавирус дар “Якум Советский” дар ҳолати беёдӣ бистарӣ карда буданд.
Қурбоналӣ Раҳмон соли 2004 сазовори унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуд.
Қурбоналӣ Раҳмон мисли Ҷамшед Исмоилов аз парвардагони мактаби ҳунарии Ҷӯрабек Назриев буд. Ҷамшед Исмоилов ва устоди онҳо Ҷӯрабек Назриев соли гузашта қурбони коронавирус шуданд. Баъди даргузашти Ҷӯрабек Назрӣ ва Ҷамшед Исмоилов ӯ мегуфт, аз ҳар ду қаноти худ маҳрум шудааст…
Қурбоналӣ Раҳмон соли 1954 дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, соли 1977 Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Қуроналӣ Раҳмон солҳои тӯлонӣ  роҳбари Хонаи маданияти ноҳияи Восеъ ва роҳбари ансамбли машҳури “Чашма” буд, ки онро раиси колхози овозадори ба номи Ленин Миралӣ Маҳмадалиев маблағгузорӣ мекард.
Қурбоналӣ Раҳмон соли 1986, вақте ҳанӯз дар Восеъ кор мекард, унвони Ҳунарпешаи шинохтаи ҶШС Тоҷикистонро ба даст овард.
Ӯ соли 1996 ба Душанбе омад ва дар ансамбли “Дарё” ба кор даромад. Ду сол баъд роҳбари ансамбли тарона ва рақси “Сомониён” таъйин шуд.
Қурбоналӣ Раҳмон дар оғози фаъолияти эҷодиаш, бахусус замони дар ансамбли фолклории “Чашма” кор карданаш бо иҷрои таронаҳои мардумӣ маҳбубияти зиёд ба даст овард. Солҳои охир ӯ бештар таронаҳои орифона, асосан аз осори Мавлавӣ мехонад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.