расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ВО-АҶАБ! ЯК ҶАВОН ХУДРО ДУХТАР ВОНАМУД КАРДА, АЗ МАРДИ ОШИҚАШ 400 ҲАЗОР РУБЛ (!!!) КАНДААСТ

. / Ҷомеа

ВО-АҶАБ! ЯК ҶАВОН ХУДРО ДУХТАР ВОНАМУД КАРДА, АЗ МАРДИ ОШИҚАШ 400 ҲАЗОР РУБЛ (!!!) КАНДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 5 июл аз ошкор шудани сирри як “ишқ”-и булаҷаб хабар дод.
Бино ба ин манбаъ, ба ШВКД ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе бо ариза марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намуда, шикоят кардааст, ки “аз моҳи январи соли 2021 дар саҳифаи интернетии “Одноклассники” бо шахсе бо номи “Алҳамдуллилоҳ”, ки дар саҳифааш сурати духтарро гузошта, худро бо номи “Амина” муаррифӣ мекард, шинос шуда, бо ӯ бо тариқи хатнависӣ (мукотиба) сӯҳбат кардааст. Ба гуфтаи сокини Кӯшониён, “Амина” бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар муддати ним сол аз вай  400 ҳазор рубли русӣ (!!!) гирифтааст.” Ин маблағ муодили беш аз 5 ҳазору 500 доллар аст.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ин кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
фсилоти дигари парванда оварда нашудааст. Вале вақтҳои охир чунин ҳолатҳои худро духтар вонамуд карда, мардҳоро ба худ ошиқ кардан ва аз онҳо пули калон кандани қаллобон дар Тоҷикистон зиёд шудааст.
ВКД ҳамчунин аз ошкор шудани боз як мавриди дигари қаллобӣ хабар додааст. Бино ба ин манбаъ, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, ки пеш бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
“Номбурда, 12-уми июни соли 2021, дар кӯчаи Борбад бо роҳи фиреб ба боварии марди 26-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 53 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, 10 ҳазор сомониро дода, боқимонда 43 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст”, – гуфта мешавад дар хабар.
Нисбат ба ин сокини Кӯшониён низ тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.