Иззат Амон: «Муҳоҷирон, ба ВКД ФР муроҷиат накунед»

Бо чунин таклиф Иззат Амон, роҳбари Созмони ҷавонони тоҷик дар Русия ба муҳоҷирони тоҷики муқими Русия муроҷиат кардааст.

Ӯ дар саҳифаи фейсбукии худ менависад, ки муҳоҷирон ба шӯъбаҳои ВКД-и Русия муроҷиат накунанд. Ба гуфтаи ӯ субҳи имрӯз 8 нафар муҳоҷирони тоҷик ба шӯъбаи корҳои дохилии райони Солнечногорск барои супоридани изи ангуштон рафтаанд ва боздошт шудаанд.

Ҳамзамон, ӯ дар саҳифаи фейсбукии худ ба муҳоҷирон муроҷиат карда мегӯяд, ки ба намояндагии хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия, ки воқеъ дар истгоҳи метрои Маяковский, кӯчаи Чаянова 3 аст, муроҷиат намуда, ҳамон ҷо аризаи худро нависанд.

Ёдовар мешавем, ки намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон эълон кард, ки аз 25 март то 24 апрели имсол ба муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳудуди Русия имкони тамдиди мӯҳлати будубош дода шудааст. Ин имкон ҳам ба муҳоҷироне дода мешавад, ки тариқи суд ҳукми ихроҷ аз Русияро нагирифта, танҳо қоидаи будубошро риоя накардаанд, ё бе иҷозаи расмӣ ба кор пардохтаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон