расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Хатмкунандагонро дар Туркманистон аз мактаб ба артиш бурданд

Асосӣ / Сиёсат

Хатмкунандагонро дар Туркманистон аз мактаб ба артиш бурданд


Дар мактабҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон хатмкунандагонеро, ки ба синни 18 расидаанд, аз дохили мактаб мустақиман ба артиш бурданд.

Ба иттилои як манбаъ, рӯзи 15-уми июн дар мактабҳои Ишқобод имтиҳонҳои хатм ба поён расид ва хатмкардаҳоро дар ҳалқаи кормандони пулис мустақиман аз мактаб ба артиш бурданд.

Бархе аз хонандагони дигар, ки тавонистанд, баъди супоридани имтиҳон ба хонаҳояшон раванд, кормандони комисариатҳои ҳарбӣ ба манзилҳояшон рафта, аз волидонашон талаб кардаанд, ки фарзандонашон ба артиш баранд.

Ба иттилои расмӣ, дар Туркманистон ҳамасола наздики 100 ҳазор кас мактабро хатм мекунад.

Сарчашма: ​ozodi.org​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.