расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Лоиқ Раҷабов дар ним дақиқа ҳарифашро нокаут кард

Асосӣ / Варзиш

Лоиқ Раҷабов дар ним дақиқа ҳарифашро нокаут кард


Дар мавсими доимии Лигаи размикорони касбии PFL намояндаи Тоҷикистон Лоиқ Раҷабов, иштирокчии рақобати финалии мавсими гузашта бо намояндаи Русия Аҳмед Алиев қувваозмоӣ кард.

Пеш аз қувваозмоӣ мутахассисон бартариятро ба Алиев дода буданд, лекин ҳамагӣ пас аз 21 сонияи оғози қувваозмоӣ ӯ аз самти чапи сараш зарбаи сахт гирифта, довар дигар ба идомаи қувваозмойӣ иҷоза надод. Дар ин бора sport24.ru хабар медиҳад.

Худи Раҷабов доварро ба боздошти қувваозмойӣ даъват намуда, аз вазъияти ҳарифаш нигаронӣ дошт.

Чунин натиҷа ба Лоиқ ҷиҳати гирифтани роҳхат ба даври нимфиналӣ имкон дода, Аҳмед аз мусобиқаи минбаъда барои дарёфти миллион маҳрум шуд. Акнун Раҷабов дар ММА 11 ғалаба ва 3 бохт дорад. Алиев бошад, 7 бохту 20 ғалаба дорад.

Бо роҳхат ба даври нимфиналӣ Лоиқ боз имкон пайдо намуд, ки мисли соли пешин барои дарёфти миллион доллар рақобатро идома диҳад. Ғолиби даври финалии мусобиқаи PFL соҳиби 1 миллион доллар мешавад.



Соли 2020 дар даври финалии Шоҳ-ҷоиза (Гран-при)-и PFL Лоиқ Раҷабов аз размикори бразилиягӣ Натан Шулта шикаст хӯрд. Размикори тоҷик имсол низ омода аст, ки ба даври финалӣ роҳ ёфта, боз як бори дигар талош варзад, ки соҳиби миллион доллар шавад.

Сарчашма: asiaplustj.info

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.