расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДАРГУЗАШТИ ИСМАТ АБДУЛЛОЕВ, ЯКЕ АЗ ПОЯГУЗОРОНИ ГУШТИНИ САМБО ДАР ТОҶИКИСТОН

. / Ҷомеа

ДАРГУЗАШТИ ИСМАТ АБДУЛЛОЕВ, ЯКЕ АЗ ПОЯГУЗОРОНИ ГУШТИНИ САМБО ДАР ТОҶИКИСТОН

Исмат Абдуллоев, маъруф ба Исмат-Паҳлавон, мураббии шинохтаи гуштин рӯзи 1 июн дар синни 77 аз олам чашм пӯшид.
Исмат Абдуллоев ҳанӯз соли 1966 унвони устоди варзиш ва соли 1973 унвони Мураббии шоистаи Тоҷикистонро ба даст овард ва беҳтарин мурабии асри 20 дар Тоҷикистон низ шинохта шуда буд.
Саидмуъмин Раҳимов, нахустин қаҳрамони ҷаҳон дар гуштини самбо аз Тоҷикистон соли 1975 замоне ин тоҷи пирӯзиро бар сар ниҳод, ки Исмат Абдуллоев сармураббии тими гуштини Тоҷикистон буд.
Соли 2015 ба шарафи Исмат Абдуллоев дар Тоҷикистон як мусобиқоти саросарии гуштин байни варзишгарони наврас доир шуда буд.
Муҳаммадрозиқ Неъматов, маъмури гуруҳи “Варзиши тоҷик” дар Фейсбук дар сӯги ин шахсияти мондагор навиштааст: “Исмат Абдуллоев поягузори самбои тоҷик ,пири хираду ҳикмати варзиши кишвар ва садрнишину зеби тамоми чорабиниҳо ва маҳфилҳо варзишӣ имруз аз дунё даргузаштанд .Марҳум тамоми умри худро сарфи тарбияи шогирдон ва рушди варзиши тоҷик намудандРуҳаш шод ва хонаи охираташ обод бод!!!
Содиқ Ҷорӯбкашов низ бо ёдоварӣ аз хидматҳои Исмат Абдуллоев дар зери хабари марги ӯ навиштааст: “Нафари дигареро мисли Исматпаҳлавонки инқадар содиқ бошад нисбати касбаш сартренери самбои Тоҷикистон набуда ва ноёфтанистШогирдони зиёдаш мисли Саидмӯъмин РаҳимовБоқиевСулаймонов Маҳмадшариф ва ҳазорон дигар паҳлавонони тоҷик тавассути тарбияи ин марди марҳум номдор шуданд ва шарафи ватани азизамонро дар арсаи байнанмилалӣ низ боло бардоштандРӯҳатон шод бод, устоди бузургвор.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.