расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ВИДЕОИ ПУР АЗ АЛАМИ ЛАҲЗАИ БА ҚАЪРИ ХОК ФУРӮ РАФТАНИ ХОНАҲО ДАР НОҲИЯИ ҶОМӢ

Ҷомеа / Ҳаводис

ВИДЕОИ ПУР АЗ АЛАМИ ЛАҲЗАИ БА ҚАЪРИ ХОК ФУРӮ РАФТАНИ ХОНАҲО ДАР НОҲИЯИ ҶОМӢ

Дар видеое, ки ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, лаҳзаи ба қаъри замин фурӯ рафтани яке аз хонаҳо дар деҳаи Навободи ҷамоати Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сабт шудааст.
Ин офати табиӣ дар Навобод рӯзи 6 май дар пайи боришоти шадид рӯй дод ва  бар асари аз фурӯ рафтани як масоҳати бузурги деҳа 15 хонаву 100 гектар замин зери хок рафт.
Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна дар пеши чашми як сокини Навобод хонаву дараш ба умқи замин фурӯ меравад. Чунин ба назар менамояд, ки замин мисли аждаҳо ин хонаро  ба коми худ фурӯ мекашад ва касе, аз ҷумла кормандони ҳолатҳои фавқулодда аз дасташ чизе ҳам намеояд.
Танҳо садои занон ба гӯш меояд, ки талх гиря мекунанд ва ҳам мардоне, ки бо дидани лаҳзаи ба қаъри хок фурӯ рафтани хона калимаи шаҳодат ба забон меоранд.
Ин лаҳзаҳоро худи соҳиби хонае, ки ба қаъри замин меравад, худ сабт кардааст. Ӯ аввал мегӯяд, ки мехоҳад фурӯ рафтани хонаашро сабт кунад, вале вақте ин кор рӯй медиҳад, камераи телефон дар дасташ меларзад ва ин мард ҳам зор-зор ба гиря медарояд…
Тоҷикистон дар моҳи май ба мавҷи офатҳои табиии харобиовар рӯбарӯ шуд.
Баъди рӯзи 6 май ба қаъри замин фурӯ рафтани 15 хонаву 10 гектар замин дар ноҳияи Ҷомӣ, рӯзи 11 май 9 нафар, аз ҷумла 3 нафар дар Кӯлоб, 3 нафар дар деҳаи Чагами ноҳияи Ш.Шоҳин, якнафарӣ дар Кушониён, Вахш ва Ҳисор, қурбони селобаҳо шуданд. Рӯзи 17 май дар деҳаи Дархони ноҳияи Деваштич бар асари ба болои ду хона фурӯ рехтани теппа 5 нафар – як зан бо ду кӯдаки 11 ва 10-солааш ва ҷавонзани 21-солаи ҳамсояи ӯ бо кӯдаки яксолааш зери лой монда, ҷон бохтанд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.