расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » НАШРИ ҶАДВАЛИ БОЗ 52 ПАРВОЗИ ЧАРТЕРӢ АЗ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН (АЗ 1 ТО 15 СЕНТЯБР)

Ҷомеа / Муҳоҷир

НАШРИ ҶАДВАЛИ БОЗ 52 ПАРВОЗИ ЧАРТЕРӢ АЗ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН (АЗ 1 ТО 15 СЕНТЯБР)

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки бо қарори ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус, аз 1 то 15 сентябр аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 52 парвози чартерии иловагӣ бораи тадриҷан ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳрҳои гуногуни Федератсия Россия ба Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
«Ҳамватаноне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиши усули реаксияи занҷири полимераз (ПТР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотнома озод мебошанд», — омадааст дар иттилоияи ВКХ.
Рӯйхатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохил кардан ба парвозҳои чартерӣ аз ҷониби комиссияҳои махсус, ки дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Москва ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия фаъолият мекунанд, тартиб дода мешаванд. Ҳамзамон, афзалият ба гурӯҳҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама, беморон, занони дорои кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки қаблан ба Россия бо сафари хизматӣ рафтаанд, дода мешавад.
Ҳамватанон метавонанд дархостҳои худро барои бозгашт ба Ватан ба тарзи электронӣ ба суроғаи charter-russia@mfa.tjбарои баррасии минбаъдаи комиссияҳои зикршуда фиристанд.
Вазорат ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки 22 июл ҷониби Россия дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барқарор кардани парвозҳои мунтазами ҳавоӣ бо Федератсияи Россия бо риояи қатъии талаботи санитарию зиддиэпидемикӣ расман хабардор карда шуд. Ҷониби Россия дар навбати худ иттилоъ дод, ки санаҳои барқарор кардани парвозҳои мунтазам баъд аз машваратҳои мақомоти авиатсионии ду кишвар муайян карда мешаванд.
Ҳамин тариқ, парвозҳои чартерии зерин аз 1 то 15 сентябр ба нақша гирифта шудаанд:
— 1 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 1 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 1 сентябри соли 2020, Екатеринбург-Душанбе;
— 1 сентябри соли 2020, Қазон-Душанбе;
— 2 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 2 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 2 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;
— 2 сентябри соли 2020, Краснодар-Душанбе;
— 3 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 3 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 3 сентябри соли 2020, Новосибирск-Душанбе;
— 4 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 4 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 4 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;
— 5 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 5 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 5 сентябри соли 2020, Иркутск-Душанбе;
— 6 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 6 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 6 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;
— 6 сентябри соли 2020, Екатеринбург-Душанбе;
— 7 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 7 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 7 сентябри соли 2020, Сургут-Душанбе;
— 7 сентябри соли 2020, Қазон-Душанбе;
— 8 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 8 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 8 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;
— 9 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 9 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 9 сентябри соли 2020, Новосибирск-Душанбе;
— 10 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 10 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 10 сентябри соли 2020, Сочи-Душанбе;
— 10 сентябри соли 2020, Красноярск-Душанбе;
— 11 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 11 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 11 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;
— 12 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 12 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 12 сентябри соли 2020, Екатеринбург-Душанбе;
— 13 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 13 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 13 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе;
— 13 сентябри соли 2020, Новосибирск-Душанбе;
— 14 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 14 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 14 сентябри соли 2020, Сургут-Душанбе;
— 14 сентябри соли 2020, Қазон-Душанбе;
— 15 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 15 сентябри соли 2020, Москва-Душанбе;
— 15 сентябри соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.