расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ТОШИЕВ: БА ТОҶИКИСТОН ЯГОН КОРИДОР ТО ВОРУХ ДОДА НАМЕШАВАД

. / Сиёсат

ТОШИЕВ: БА ТОҶИКИСТОН ЯГОН КОРИДОР ТО ВОРУХ ДОДА НАМЕШАВАД

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ ва роҳбари ҳайъати Қирғизистон дар музокироти масоили таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар мусоҳиба бо хабаргузории “Саясат.kg гуфтааст, ки ба Тоҷикистон ягон коридор то ҷамоати Ворух дода намешавад. Ба гуфтаи Тошиев, роҳе, ки сохта хоҳад шуд, дар ихтиёри Қирғизистон қарор хоҳад дошт ва танҳо баъди пурра муайян шудани марзи атрофи Ворух ба истифода дода хоҳад шуд. “Ба мо ягон метр замини ягон кишвари дигар лозим нест, вале ягон ваҷаб замини худро ҳам ба касе намедиҳем. Мо якҷо бо роҳбарони Қирғизистон дар ин мавқеъ то охир хоҳем истод”, — таъкид кардааст Тошиев.
Ин изҳороти Тошиев дар пайи рӯзи 5 май дар матбуот чоп шудани матни изҳороти муштараки роҳбарони ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи музокироти рӯзҳои 1 ва 2 майи масоили марзии ду кишвар аст.
Дар он изҳорот, ки роҳбарони ду ҳайъат Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов зераш имзо гузоштаанд, гуфта мешуд, ки ду ҷониб муштаракан роҳи нви Хоҷаи Аъло – Ворухро дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчыгай) бидуни убури ин ва дигар рустоҳои Қирғизистон месозанд. Ду ҷониб тавофуқ карданд, ки мақоми ин роҳро бо имзои як созишномаи алоҳидаи байнидавлатӣ муайян хоҳанд кард ва танҳо баъди сохта шудани роҳ ба таъйин ва аломатгузории марзи атрофи Ворух хоҳанд пардохт.
Ҳамчунин Тоҷикистону Қирғизистон тавофуқ карданд, ки барои таъйин ва аломатгузории хатти сарҳад дар чанд минтақаи баҳсӣ аз харитаҳои солҳои 1924 ва 1927 ва протоколҳои соли 1989 истифода баранд. Ҷониби Тоҷикистон дар музокироти марзӣ бо Қирғизистон ҳамеша ба истифодаи харитаҳои солҳои 20 пойфишорӣ мекард, чунки дар он харитаҳо ҷамоати Ворух аз боқӣ қаламрави Тоҷикистон ҷудо набуд.
Тавофуқоти ахир чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Қирғизистон вокунишҳои мухталиф ба бор овард. Дар Тоҷикистон бархе аз он норозӣ буданд, ки бо вуҷуди пешравиҳои ҳарбиёни тоҷик дар муноқишаи ахир, ҳайъати ҳукуматӣ ба пайвастани Ворух бо боқӣ қаламрави Тоҷикистон сахт пойфишорӣ накардааст. Дар Қирғизистон баракс ҳайъати ҳукуматиро барои он ба боди интиқод кашиданд, ки дар музокирот мавқеи таслимҷӯиро пеш гирифта, аз ҷумла барои кушодани коридор то Ворух иҷозат додааст.
 Аммо Қамчибек Тошиев дар мусоҳибааш бо “Саясат.kg” таъкид кардааст, ки ба Ворух ягон хел коридор кушода намешавад:
– Дуруст аст, ки бар асоси натиҷаҳои музокироте, ки дар пасманзари вазъи мушкил дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон гузашт, изҳороти муштарак қабул шуд. Бар асоси он, аз 5 то 9 май бояд тасвири хатти марз аз қитъаи сарҳаддии №43 то №61 ва аз қитъаи сарҳаддии №135 то №141 анҷом шавад. Танҳо барои ҳамин қисматҳо харитаҳои солҳои 1924 ва 1927 ва протоколҳои соли 1989 истифода хоҳад шуд. Бори дигар такрор мекунам, ки харитаҳои он солҳои зикршуда танҳо барои муайян кардани хатти марз аз қитъаи сарҳаддии №43 то №61 ва аз қитъаи сарҳаддии №135 то №141 истифода хоҳад шуд.
Анклав (ҷазирақаламрав)-и Ворух ба ин ягон дахл надорад. Ин як.
Сониян, ба анклави Ворух коридор дода намешавад. Роҳе, ки сохта хоҳад шуд, дар ихтиёри ноҳияи Бодканд қарор мегирад, ки ин дар санад дақиқан дарҷ шудааст. Мақоми ин роҳро дар созишномаи алоҳидаи байни ду давлати Қирғизистон ва Тоҷикистон муайян хоҳанд кард.
Ва солисан, мо ба истифодаи ин роҳ танҳо баъди пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудани марзи атрофи Ворух иҷозат хоҳем дод. Музокирот ҷиҳати муайян кардани сарҳади атрофи Ворух алоҳида хоҳад гузашт. Барои қисматҳои дигари марз алоҳида ва барои Ворух – алоҳида.
Аз ин рӯ, биёед сабур бошед ва маълумоти носанҷидаро паҳн накунед. Ба мо ягон метр замини ягон кишвари дигар лозим нест, вале ягон ваҷаб замини худро ҳам ба касе намедиҳем. Мо якҷо бо роҳбарони Қирғизистон дар ин мавқеъ то охир хоҳем истод
Манбаъ: “Саясат.kg”
http://www.sayasat.kg/kg/sayasat/97989-kamchibek-tashiyev-the-thief-of-the-enclave-ech-kandai-corridor-berylgen-jok.html


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.