расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » АХБОРИ ВКД: САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ИШКОШИМУ ВАҲДАТ, АВБОШӢ ДАР КӮЧАИ ҒУЛОМОВ ВА ДУЗДӢ ДАР КӮЧАИ ДАРВОЗ

Ҷомеа / Ҳаводис

АХБОРИ ВКД: САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ИШКОШИМУ ВАҲДАТ, АВБОШӢ ДАР КӮЧАИ ҒУЛОМОВ ВА ДУЗДӢ ДАР КӮЧАИ ДАРВОЗ

Рӯзи 6 май, соати 16:20, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Афлотунов Искандар Холиқназарович, с.т. 1982, сокини ҷамоати Козилдеҳи ноҳияи Ишкошим дар километри 52-юми роҳи “Хоруғ-Ишкошим-Тузқул”, дар мавзеи “Колик” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарё чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронанда Афлотунов И.Х. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамон рӯзи 6 май ронандаи мошини тамғаи “Опел-Зефира”, Шарифов Исоқҷон Раҳмонович, с.т. 1958, сокини ҷамоати Р.Исмоилови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати Исмоилов бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард Исоев Диловаршоҳ Исоевич, соли таваллудаш 1948, сокини ҷамоати деҳоти Р.Исмоиловро пахш намудааст. Дар натиҷа, пирамард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон бохтааст.


Яу сокини 34-солаи пойтахт, ки қаблан барои дуздӣ суд шудааст, ин дафъа барои авбошӣ дастгир шудааст. ВКД гуфт, ки ӯ зи 5 май, соати 11, дар кӯчаи А.Ғуломов як марди 36-солаи сокини ҷамоати И.Шарифи ноҳияи Данғараро дашномҳои кабеҳ дода, латтукӯб кардааст ва бо корд як зарба ба шикаму як зарбаи дигар ба рони пояш задааст.
Сокини 33-солаи ноҳияи Фирдавсӣ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 27 апрел, соати 14:45 аз дохили мошини тамғаи “Хафей”, ки дар кӯчаи Дарвоз беназорат меистод, 9 600 сомонӣ пули нақдро дуздидааст. Ба милиса дар ин бора соҳиби мошин – сокини 41-солаи пойтахт шикоят кардааст.
Мақомоти Хадамоти сӯхторнишонии ВКД Тоҷикистон дар пайи сӯхтор ва таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Эко Ойл” дар маҳаллаи Испечак 2, ки 29 захмӣ ба ҷо гузошт, ҳолати риояи меъёрҳои зидди сӯхторро дар нуқтаҳои сӯхтфурӯшии шаҳри Душанбе ва атрофи он санҷида, масъулони 4 чунин нуқтаро ҷарима бастаанд. Дар аксари нуқтаҳои сӯхтфурӯши сипари зидди сӯхтор ва асбоби фурӯнишонии сӯхтор вуҷуд надоштааст. Мақомот аз ҷумла нуқтаи фурӯши сӯзишвории  «Эҳсонҷон», воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулов 16-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, НФС «Имон импорт экспорт», воқеъ дар деҳаи Арбобхотуни ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, НФС «Ғайрат 82», воқеъ дар деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ ва НФС «Тоҷик нафт», воқеъ дар деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакиро ҷарима бастаанд.
Аз навори хабарҳои рӯзи 7 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар
Рӯзи 6-уми майи соли 2021, тахминан соати 16:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Афлотунов Искандар Холиқназарович, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Козилдеҳи ноҳияи Ишкошим ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Хоруғ-Ишкошим-Тузқул”, дар километри 52-юми ҳудуди мавзеи “Колик” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарё чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Афлотунов И.Х. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 6-уми майи соли 2021, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Шарифов Исоқҷон Раҳмонович, соли таваллудаш 1958, сокини ҷамоати деҳоти Р.Исмоилови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард Исоев Диловаршоҳ Исоевич, соли таваллудаш 1948, сокини ҷамоати деҳоти Р.Исмоиловро пахш намудааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти авбошӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 5-уми майи соли 2021, тахминан соати 11:00, дар кӯчаи А.Ғуломови ноҳияи Сино шахси номаълум бе ягон асос нисбаташ дашномҳои кабеҳ гуфта, ӯро лату кӯб намуда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба шикам ва 1-маротиба ба рони пояш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 33-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 27-уми апрели соли 2021, тахминан соати 14:45-дақиқа, дар кӯчаи Дарвози ноҳияи мазкур шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Хафей”, ки беназорат меистод, 9 ҳазору 600 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва таҳкими вазъи бехатарӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ

Новобаста ба таъкиду ҳушдордиҳиҳо ва чораю тадбирҳои андешидашавандаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, мутаассифона дар натиҷаи риоя накардани оддитарин талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор аз ҷониби баъзе аз масъулини онҳо, чанде пеш дар Нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Эко-ойл», воқеъ дар маҳаллаи Испечак 2-и ноҳияи Рӯдакӣ, ҳодисаи нохуши сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷаи он 11 нафар ҷароҳатҳои сабук бардоштанд.
Бо мақсади пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш ва таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ва дигар хадамоту мақомотҳои дахлдор гурӯҳҳои кории муштарак таъсис дода шуда, санҷиши нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар доираи чунин чорабиниҳо зимни санҷиши Нуқтаи фурӯши сӯзишвории Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Эҳсонҷон», воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулов 16-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муайян карда шуд, ки аз ҷониби масъули он Муҳаммадҷон Шарипов ба таъмин ва риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор диққати зарурӣ дода намешавад. Ҳамин аст, ки дар сипари оташнишонӣ ягон адад оташхомӯшкунак ва дигар олотҳои лозимии коршоям вуҷуд надоранду дар зери зарфҳои гази моеъ миқдори зиёди партовҳои сӯзанда нигоҳ дошта мешаванд, ки чунин муносибати хунукназаронаи роҳбарияти нуқтаи мазкур метавонад сӯхторро сабаб гардад. Бинобар ин, интиқоли неруи барқи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз ҷониби мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор қатъ гардонида шуда, нисбати роҳбари он парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ҳамин гуна ҳолати ногувори зиддисӯхторӣ дар Нуқтаи фурӯши сӯзишвории Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Имон импорт экспорт», воқеъ дар деҳаи Арбобхотуни ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки роҳбараш Даврон Абдулхайров мебошад ҷой дорад. Аз бемасъулиятии роҳбари нуқтаи мазкур дар қутии барқӣ аз муҳофизаккунакҳои худсохт истифода карда шуда, қисме аз розеткаҳои барқӣ дар ҳолати хавфи сӯхтор қарор доранд. Ба замми ин, атрофи зарфҳои захираи сӯзишвориҳо аз алафи хушк ва қоғазпораҳову партовҳо тоза карда нашудаанд. Пайвасти хатҳои интиқоли барқ низ дар баъзе қитъаҳо ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд.
Дар Нуқтаи фурӯши сӯзишвории Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ғайрат 82», воқеъ дар деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ, низ ки шахси масъули он Бахтулло Ёров мебошад, вазъ бадтар асту беҳтар не. Инҷо низ ба замми камбудиҳои зиёди зиддисӯхторӣ баъзе оташхомушкунакҳо дар ҳолати корношоямӣ буда, назди зарфҳои нигоҳдории сӯзишворӣ аз ҳар гуна партовҳо тоза карда нашудаанд, ки эҳтимолияти хавфи сӯхторро зиёд менамоянд. Бинобар ин, нисбати номбурда тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима татбиқ карда шуд.
Чунин як ҳолати қоидавайронкуниҳо дар Нуқтаи фурӯши сӯзишвории Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тоҷик нафт», воқеъ дар деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ, аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии отиашнишонӣ ошкор карда шуд. Аз бепарвоии шахси масъули он Мирзормаҳмад Қориев дар сипари оташнишонӣ ягон адад оташхомӯшкунак вуҷуд надорад. Пайвасти хатҳои интиқоли барқ низ дар баъзе қитъаҳо ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ ҷавобгӯ набуда, дар ҳолати урёну овезон мебошанду қисме аз розеткаҳои барқӣ дар ҳолати хавфи сӯхтор қарор доранд.
Вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷониби кормандони мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, нисбати масъулон чораю тадбирҳои қонунӣ андешида шуданд.
Чунин санҷишҳои муштарак дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ идома дорад.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ

Суратҳисоби махсус барои кумак ба зарардидагони Ворух

Ба таваҷҷуҳи тамоми шаҳрвандони дохилу хориҷи кишвар расонида мешавад, ки барои кумак расонидан ба зарардидагони муноқишаҳои Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби давлат суратҳисоби махсус кушода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд ба ин суратҳисоб маблағ равон кунанд.
Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки аз ҷониби баъзе нафарон суратҳисоби сохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баҳонаи кумак расонидан ба мардуми Ворух барои манфиатҳои шахсиашон нашр гардидааст, ки ба онҳо бовар накунед ва фирефтаи чунин гуруҳҳо нашавед!
Нишонаҳои бонкӣ оид ба суратҳисобҳои кушодашуда барои расонидани кумак ба осебдидагони низоъҳои деҳаи Ворухи шаҳри Исфара
1.      Бо пули миллӣ (сомонӣ):
Бонк:                                                   Сарраёсати хазинадории марказии
                                                             Вазорати молияи ҶТ
РМБ:                                                        350101800
РМА:                                                       010010058
Сурхисоби муросилотй:                    22402972000002
Суратхисоб:                                          20204972664010100451
Кабулкунанда:                                Сарраёсати хазинадории марказии
                                                            Вазорати молияи ҶТ
2.      Бо доллари ИМА:
Бонк-корреспондент:           Commerzbank, AG,
Frankfurt-am-Main, Germany
SWIFT: COBADEFF
Acс. No. 400886748300 USD
Бонк бенефициар:                National Bank of Tajikistan, Rudaki avenue 23/2 734025, Dushanbe
SWIFT: NATJTJ 22
Acc. No. 22696840318014
Бенефициар:                         Ministry of Finance of the Republic of Tajikistan
3.      Бо рубли русӣ:
                                             TRANSKAPITALBANK PAO
                                             к/с 30101810800000000388
                                             в ГУ Банка России по ЦФО
                                             БИК: 044525388
                                             27/35, Vorontsovskaya street, Moscow, 109147
                                             Russia
               SWIFT: TJSCRUMM
               Acc. No. 30111810000000000062
                                             Национальный банк Таджикистана
                                             SWIFT: NATJTJ 22
              Acc. No. 22696810118008
              Министерство финансов Республики Таджикистан  

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Micaharcaw | Гости

    Я разбираюсь в этом вопросе. Приглашаю к обсуждению. ----- металлопрокат москва оптом Прошу прощения, что вмешался... Я разбираюсь в этом вопросе. Готов помочь. ----- https://opt24.store/product-category/produkty-pitaniya/ponchiki/ Прошу прощения, что вмешался... Я разбираюсь в этом вопросе. Можно обсудить. ----- купить цветы в интернете в москве Прошу прощения, что вмешался... Я разбираюсь в этом вопросе. Давайте обсудим. ----- Instagram Reels Downloader Прошу прощения, что вмешался... Я разбираюсь в этом вопросе. Приглашаю к обсуждению. ----- https://www.sadoviy1.ru/vse-dlya-gazona.html Извините за то, что вмешиваюсь… Я разбираюсь в этом вопросе. Готов помочь. ----- купить аккаунты vkontakte Извините за то, что вмешиваюсь… Я разбираюсь в этом вопросе. Можно обсудить. ----- https://entertainmentpartyrentals.com/rentals/Generators Извините за то, что вмешиваюсь… Я разбираюсь в этом вопросе. Давайте обсудим. ----- https://lolz.guru/threads/2855837/ Извините за то, что вмешиваюсь… Я разбираюсь в этом вопросе. Приглашаю к обсуждению. ----- https://1xbet-yukle.mobi/ Прошу прощения, что вмешался... Я разбираюсь в этом вопросе. Пишите здесь или в PM. ----- дапоксетин

  • DavidPop | Гости

    Я думаю, что Вы допускаете ошибку. Могу отстоять свою позицию. Пишите мне в PM. ----- фаленопсис купить в москве Я думаю, что Вы допускаете ошибку. Могу это доказать. Пишите мне в PM. ----- воздушные шары на 23 февраля москва Я думаю, что Вы допускаете ошибку. Пишите мне в PM, пообщаемся. ----- шкаф телекоммуникационный 19 настенный 12u Я думаю, что Вы допускаете ошибку. Давайте обсудим. Пишите мне в PM, пообщаемся. ----- анализ посещаемости сайта конкурента Я думаю, что Вы допускаете ошибку. Давайте обсудим это. Пишите мне в PM, пообщаемся. ----- накрутка живых подписчиков в инстаграме Я думаю, что Вы допускаете ошибку. Предлагаю это обсудить. Пишите мне в PM, пообщаемся. ----- заменить клавиатуру на ноутбуке Я думаю, что Вы допускаете ошибку. Могу отстоять свою позицию. Пишите мне в PM, пообщаемся. ----- купить аккаунт с рикошетом в brawl stars Я думаю, что Вы допускаете ошибку. Могу это доказать. Пишите мне в PM, пообщаемся. ----- vashholodilnik Я думаю, что Вы допускаете ошибку. Пишите мне в PM, поговорим. ----- туфельки туи Я думаю, что Вы допускаете ошибку. Давайте обсудим. Пишите мне в PM, поговорим. ----- автомат crazy monkey

  • Scotttwemn | Гости

    Я думаю, что Вы допускаете ошибку. Могу отстоять свою позицию. Пишите мне в PM. ----- https://book-ofra-online.ru/ Я думаю, что Вы допускаете ошибку. Могу это доказать. Пишите мне в PM. ----- https://igrovye-avtomati-online.com.ua/dracula_avtomat.html Я думаю, что Вы допускаете ошибку. Пишите мне в PM, пообщаемся. ----- играть игру вулкан бесплатно Я думаю, что Вы допускаете ошибку. Давайте обсудим. Пишите мне в PM, пообщаемся. ----- https://fruit-cocktail-avtomat.ru/fruktovyj_koktejl_2.html Я думаю, что Вы допускаете ошибку. Давайте обсудим это. Пишите мне в PM, пообщаемся. ----- https://lolz.guru/threads/1567874/ Я думаю, что Вы допускаете ошибку. Предлагаю это обсудить. Пишите мне в PM, пообщаемся. ----- купить аккаунт фейсбук с бизнес менеджером Я думаю, что Вы допускаете ошибку. Могу отстоять свою позицию. Пишите мне в PM, пообщаемся. ----- https://online-ruletka.ru/ruletka_s_devushkami.html Я думаю, что Вы допускаете ошибку. Могу это доказать. Пишите мне в PM, пообщаемся. ----- casino x

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.