расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ҚАСДИ ХУДКУШИИ ДИНА САЕВА ҲАНГОМИ ПАХШИ МУСТАҚИМ. САБАБИ МАЪЮСИВУ АФСУРДАГИИ ИН ДУХТАРИ ТОҶИК ВА МАЛИКАИ ТИКТОКИ РУСИЯ ЧИСТ? (ВИДЕО)

. / Ҷомеа

ҚАСДИ ХУДКУШИИ ДИНА САЕВА ҲАНГОМИ ПАХШИ МУСТАҚИМ. САБАБИ МАЪЮСИВУ АФСУРДАГИИ ИН ДУХТАРИ ТОҶИК ВА МАЛИКАИ ТИКТОКИ РУСИЯ ЧИСТ? (ВИДЕО)

Рӯзи  22 апрел  блогери 21-солаи зодаи Тоҷикистон Дина Саева, ки ӯро “маликаи ТикТок” ва яке аз бойтарин блогерҳои Русия меноманд, мухлисони худро ҷиддан ба ташвиш андохт. Дина Саева саҳифаи бастааш дар Инстаграмро барои чанд соат боз кард ва  ба пахши мустақим баромад.
Дар давоми ин пахши мустақим муддати тӯлоние тақрибан чизе намегузашт ва тамошобинон ба ҷуз аз як пардаи сиёҳ чизе намедиданд. Мухлисон чизеро нафаҳмиданд ва дар чат паём мезаданд, ки оё инҷо чӣ бо Дина чӣ мегузарад?
Ва ногаҳон шунида шуд, ки касе талош дорад, дари ҳуҷраеро, ки Дина аз онҷо пахши мустақим мебурд, бишиканад. Садои модари Дина ва хоҳараш Малика ба гӯш мерасид, ки бо тарсу талвоса номи Динаро гирифта, фарёд мезаданд. Сипас садои доду фарёд баромад ва дар охир духтаре овоз баровард, ки : “Ӯ зинда аст!”
Баъди ин пахши мустақим якбора қатъ шуд ва касе ба тамошобинҳои ҳайратзада нафаҳмонд, ки бо Дина чӣ шуд? Мухлисон чунин маънӣ гирифтанд, ки Дина қасд дошт дар ҷараёни пахши мустақим худро бикушад.
Чанде пеш Дина Саева шикоят карда буд, ки ба сабаби миллаташ ( ӯ зодаи Тоҷикистон аст) ва ҳам ба далели дидгоҳҳояш таҳти ҳамлаҳои пайвастаи бадбинона (ҳейт) қарор дорад. Ӯ гуфт, ки мехоҳад як муддат дам бигирад. Вай ба як осоишгоҳ ба соҳили Байкал рафт ва эътироф кард, ки ба сабаби ҳамлаҳои пайваста доруҳои зидди афсурдагиву маъюсӣ (анти-депрессант) истеъмол мекунад. Бархе навиштанд, ки Дина Саева барои табобат аз муътодӣ ба осоишгоҳ рафтааст.
Дина Саева ба сабаби ҳамлаҳои бадбинона  ҳатто саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла саҳифааш бо чанд миллион пайравро дар Инстаграм баст. Ӯ саҳифааш дар Инстаграмро рӯзи 22 апрел барои чанд соат ҳангоми пахши мустақими зиддунақизаш кушод, вале баъди қатъи пахши мустақим саҳифааш дигарбора дастнорас шуд.
Дина Саева 21 сол дорад. Номи аслии ӯ Мадина Басаева буда, маликаи ояндаи ТикТоки Русия дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар як хонаводаи фақирранг ба дунё омадааст ва ҳамроҳи падару модару дигар аъзои оилаашон (Дина фарзанди калонӣ аст) ба Екатеринбурги Русия кӯчидаанд.
Дина ҳамагӣ се сол пеш дар McDonald’s кор мекард ва дар риштаи ҳуқуқи донишгоҳ таҳсил мекард. Ӯ роҳаш ба сӯи қуллаҳои шӯҳратро аз лаб ҷунбондан дар ҳавои таронаҳои маъруф ва нашри чунин видеоҳо дар Ютуб нашр карда буд. Имрӯз Дина Саева бо брендҳои машҳуре, чун Coca-Cola, Dolce&Gabbana қарордод баста, дар клипҳои Егор Крид нақши асосиро иҷро мекунад ва дар байни мардум бидуни муҳофиз намегардад. Ба ҳисоби Forbes, ин духтари тоҷик ҳоло ҳар моҳ дар TikTok 800 ҳазор рубл кор мекунад. Шумори пайравониӯ дар ин шабака ҳанӯз як сол пеш аз 16 миллион гузашта буд.
Дина Саева  солҳои пеш бо чанде аз ҷавонони тоҷик низ вориди баҳсҳои шадид шуда буд.  Мунтақидони тоҷикаш тарзи либоспӯшӣ ва рафтори Дина Саеваро берун аз ҳадди одоби хоси як духтари мусалмон номида, аз вай даъват мекарданд, ки худро ислоҳ кунад. Вале Дина Саева мегуфт, касеро иҷозат намедиҳад, ки ба тарзи зиндагиаш дахолат кунад ва ӯро панд диҳад.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.