расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Унвони зиёд надошт, мухлиси зиёд дошт”: даргузашти Қиёмиддин Чақалов

. / Ҳаводис

Унвони зиёд надошт, мухлиси зиёд дошт”: даргузашти Қиёмиддин Чақалов


Қиёмиддин Чақалов, актёри театру синамо ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон дар синни 75 солагӣ аз олам чашм пӯшид

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ба қавли наздикон, марҳум аввалҳои моҳи марти соли равон ба гумони саратон аз соҳаи рӯда ҷарроҳӣ шуда, зоҳиран, вазъи баде надошт, аммо ҳаволии соати 5 – и субҳи имрӯз, 14 апрел, дар манзили хеш дар шаҳраки Файзобод, маркази ноҳияи ҳамном олами фониро падруд гуфт.
“Ӯ аз соҳаи дил низ мушкил дошт. Як – як аз сӯзиши дил шикоят мекард. Аммо хеле бардам буд. Ҳеҷ кас интизор надошт, аммо кори Худост - вақт ки тамом шуд, меравӣ”, - гуфт яке аз наздиконаш.
Қиёмиддин Чақалов 28 апрели 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод дида ба дунё кушода, факултаи актёри драма ва кинои Институти давлатии санъати Тоҷикистон (1971) – ро хатм намудааст.
Ҳудуди ним аср ба ин сӯ дар саҳнаи Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ дар нақшҳои мухталиф, аз қабили Куряткин ("Ҷарроҳӣ"-и А. Чехов), Зайн ибни Умайдо ("Ишқи араб"-и П. Мериме), Сухсуров ("Садо аз тобут"-и А. Қаҳҳор), Гумоштаи сиёсӣ ("Алломаи Адҳам"-и С. Улуғзода), Шайх Низомиддин ("Зебуниссо"-и Ш. Қиёмов ва М. Шералӣ), Оқсақол ("Дохунда"-и Ҷ. Икромӣ), Халил Афандӣ ("Айнӣ"-и Ғ. Абдулло), Гӯрков ("Гамлет"-и В. Шекспир), Атаман Дор ("Кӯзаи гӯё"-и А. Абӯбакр), Шодиқулов ("Ҷияни хира"-и Ш Солеҳ), Лақай ("Парвози Сабзабаноз"-и М. Муҳаммадиев), Угаров ("Бист дақиқа бо фаришта"-и А. Вампилов), Холмат ("Бой ва Хизматгор"-и Ҳ. Ниёзӣ) ва даҳҳо нақши дигарро иҷро кардааст.
Ҳамзамон дар соҳаи кино дар нақшҳои Сияҳсавор ("Ашк ва шамшер"), қассоб ("Ҷазира"), муаллим ("Муҷассамаи ишқ"-и У. Мирзоширинов, соли 2003), директории совхоз ("Сароби хунин") ва ғайра бозӣ намудааст. Ба қавли дӯстон, Қиёмиддин Чақалов унвону мукофоти зиёд надошт, аммо як актёри маъруф ва мардумӣ буд.
“Дар замони Шӯравӣ як нишони сарисинагии "Аълочии маданияти СССР" ва дар замони Истиқлол унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2008) – ро камоӣ кардааст. Аммо дар кӯчаву бозор ӯро мешинохтанд ва бо ӯ намешуд, роҳат аз кӯчаҳо гузашт”, - гуфт яке аз онҳо.
Намози ҷанозаи Қиёмиддин Чақалов имрӯз вақти зуҳр дар шаҳраки Файзобод, маҳалли зисти марҳум баргузор мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.