Гадои «Миллионер»

Салимҷон рӯзе аз бисёр бекор нишастан, хост ки ба кӯчае баромада гадо шавад. «Хайр як миқдор пул кор карда, боз омада дар кулбаи сардам менишинам»-мегуфт худ ба худ. Аввал ҳайрон монд. Чӣ кор карданашро намедонист: «Агар ба ин «касб» даст занад, аз ягон сохтор бояд иҷозат гирад ё «транзит» харад? Ё чӣ?». Ҳайрону парешон аз ин тарафи хона ба он тараф мерафту боз гашта ба ҷои пешина. «Ҳарчӣ ҳам бошад, аввал рафта, аз ягон гадои таҷрибадор пурсам ё поида истам, ки чӣ гуна кор мекунад»-гуфта аз хона берун шуд. Ба назди гадое рафта дид, ки наздаш ягон танга намонда шудааст, аммо аз наздаш одамони зиёд мегузашт. Ҳеҷ кадоми онҳо ба гумон пули «майда» надошт, ки ба гадо партояд. Гадо баъд аз якчанд соат нишастану «маош»-и рӯзро нагирифтан, хеста рафт. Салимҷон низ аз паси ӯ рафт ва дуртар аз худ дид, ки гадо ба ошхонае даромад. «Хайр бечора маҷбур шуда, ба фикрам аз ошхоначиён пул металбидагист?!»-гуфта, фикр кард Салимҷон. Аммо каме пештар омада дид, ки гадо хӯроки нисфирӯзиро тановул карда истодааст. «Ҳа, «война-война, обед-обед» гуфтаанд»-писханд зад Салимҷон. Хайр, кӣ медонад, бечора шояд пулҳои дина кор кардаашро имрӯз сарф карда истода бошад?! Як рӯз шикамсерӣ мехӯраду рӯзи дигар не. Салимҷон фикр кард, ки баъд аз 20 ё 30 дақиқа гадо баромада, ба кораш идома медиҳад, вале он гадо аз ошхона берун намешуд. «Эҳ, ин гадо аз раисон ҳам бисёр мехӯрдастее. Кай ба кор мебароӣ? О набароӣ, мон, ки дигарон бароянд»-гуфта ба сараш омад, ки ба ҷои он гадо рафта шинад. Ин фикр хеле мақбулаш афтод, ки давида рафта ба ҷои он гадо нишаст. Як дам, ду дам, як соат, ду соат нишаст, вале ҳеҷ кас пул намегузошт. «Чаро пул намегузоранд? Ҳама камбағал шудаанд-мӣ, ки тамоман як тин ҳам намегузорандее? О, як ду сӯм монед, охир, пули барқу обамро кор карда супорам ақалан. Уфф..»-гуфта, ба ҳар як роҳгузар менигарист. Нафаре ба наздаш омаду пурсид:
-Тағо 100-сомонаро майда карда метавонед?
-Чиӣ? Садсомонаро? Ой, писар ту маро масхара дорӣ, маро? Наход ман 100 сомон дошта бошаму дар ҳамин ҷо шинам?
-Хайр чӣ? Ман ҳар рӯз ҳамин ҷо пулҳоямро майда мекунам. Як нафари дигар ҳар рӯз ҳамин ҷо менишаст, ба гумонам бародаратон ё дӯстатон аст, ки пулҳои маро иваз мекард. Шумо чӣ, магар ягон тин кор накардед ҳоло?
-Эҳ, Худо гирад ин кора. Ман дар ҳамин ҷо ҳам тақдир надорам-дия! Як танга кор кардан мехостам, вале ҳеҷ кор карда ҳам натавонистам.
-Эҳааа, ҳоло як тин насупурда ин қадар шикоят карда истодаед-а?!
-Боз чи хел «тин супоридан»?
-Пули макон, замон, соату вақти дар ин ҷо нишастан. Сари ҳар як сӯм 40-дирам.
-Чиӣ? Чи хел 40 дирам? Ман як тин ҳам дар киса надорам.
-Барои ман ин фарқе надорад. Пула супор!
-Ээ, ту худат кистӣ, ки ин қадар ба ман фармон дода истодаӣ?
-Барои он ки ман кӣ буданамро гӯям, ту бояд таҳорат, ғусл ва мустаҳабу таямун карда бошӣ ва ҳангоме ки ҳуҷҷатамро нигоҳ мекунӣ, бояд дар лабонат табассуми шукрона пайдо шавад, фаҳмо?
-Эҳааа, нафаҳмидам, ту чӣ ягон шоху думи зиёдатӣ дорӣ, ки ман бояд ба ту итоат кунам-а? Маро натарсон, ки худам дирӯз аз як гурбаи гӯр барин торик сахт тарсида будам. Саломатиям нохуб. Яке шуда дилам аз кор монад, туро бурда умрбод паси панҷара мешинонанд ва ана он ҷо баъд худат таҳорату ғусл карда, ба тоату ибодат машғул мешавӣ. Так что мана угрожат накун!
-Ҳм, нав дидам, ки «гадои қонундон» дар ин ҷо нишастааст. Дар як рӯз ту аз якмоҳа маоши ман ҳам зиёдтар пул кор мекунӣ ва бояд аз 100 се ҳиссаи пулатро супорӣ.
-Ба куҷо?
-Корат набошад. Супор гуфтам, супор! Аз ту супоридан, вагарна аз ҳамин «мансабчаат» мемонӣ.
-Ээ, равеее. Ин ҷо агар камтари дигар шинам, маҷбур мешавам, ки аз бонк рафт пул қарз кунаму пули туро супорам ва боз қарздор шуда гардам. Хубтараш дар ҳамон хонаам шинаму наҷунбам, ки вазъияти бадам бадтар мешавад. 
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон