расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳабси маъмурии ронанда барои дағалгуфторӣ (Навор)

. / Ҳаводис

Ҳабси маъмурии ронанда барои дағалгуфторӣ (Навор)

1673
Бадрафторӣ ва риоя накардани одоби муошират ҳангоми хизматрасонии мусофиркашонӣ сабаб шуд, ки нисбати ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес- Спринтер» Эргашзода Рамазон Боир, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, мақомоти милитсия аз таъсиррасонии маъмурии ҳуқуқӣ кор гирад. Навори муносибати дағалонаи ронанда нисбати мусофирон ба шабакаи интернет роҳ ёфт ва вокуниши мардумро ба вуҷуд овард. Тавре дар навор дида мешавад ронанда Рамазон Эргашзода бо мусофирон муносибати дағалона намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунад.

Ҳодиса, рӯзи 9-уми март, тахминан соати 19:00, дар истгоҳи Маркази савдои шаҳри Хуҷанд рух додааст. Ронандаи воситаи нақлиёти мусофиркаш, ки дар хатсайри №100 хизматрасонӣ менамуд, одоби муошират ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, осудагии мусофиронро халалдор кардааст.
Бо муайян шудани шахсияти ҳуқуқвайронкунанда, барои майдаавбошӣ нисбати Рамазон Эргашзода тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шуд.
1674
Ҳадафи муҷозоти маъмурӣ ислоҳи ҳуқуқвайронкунанда аз каҷрафтори буда, хатои ӯро набояд дигарон такрор намоянд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.