расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » МАРГИ ТАКСИРОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЯК САДАМА ДАР ПЕТЕРБУРГ (3 ВИДЕО)

Муҳоҷир / Ҳаводис

МАРГИ ТАКСИРОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЯК САДАМА ДАР ПЕТЕРБУРГ (3 ВИДЕО)

Шаби 13 март, тақрибан соати 22, дар натиҷаи як садамаи марговар дар кӯчаи Наличная дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ронандаи такси – ҷавони зодаи Тоҷикистон,  соли таваллудаҳ 1994 дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Ба мошини тамғаи Volkswagen Polo, ки ҷавони тоҷик таксиронӣ  мекард, як ҷипи тамғаи Range Rover бо суръати баланд бархӯрд. Ронандаи ҷип маст будааст. Шумораи қурбониёни садама метавонист бештар ҳам шавад, чунки ронандаи  такси ҳамагӣ чанд лаҳза пеш аз бархӯрд мусофиронашро аз мошин фароварда буд. Бархӯрд чунон сахт буд, ки мошини такси чанд пора шуд ва ду мошини тамғаи Hyundai Solaris, ки дар чорроҳа мунтазири сабз шудани ранги чароғак истода буданд, низ осеб диданд. Як мусофирро бо ҷароҳатҳои нисбатан сабуктар ба бемористон интиқол додаанд.
Пулис гуфт, ронандаи такси ҳангоми баромадан ба роҳи асосӣ ба ронандаи ҷип имкони гузар надодааст. Вале ташхис нишон дод, ки ронандаи ҷип масти лояқил будааст (дар бадани ӯ  ҳаҷми машруботи нӯшидааш 1,8 промилле, яъне 6 маротиба бештар аз 0,3 промиллеи меъёр будааст).
Бино ба иттилои маркази матбуоти пулиси ноҳияи Василеостровский, ба ин далел ба зидди ронандаи ҷип бар асоси моддаи 264 (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ) парванда кушодаанд ва ба ӯ то 5 соли зиндон  таҳдид мекунад.
Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз зодагони Тоҷикистон ба далелҳои мухталиф ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Садамаҳои нақлиётӣ дар баробари фалокатҳо дар ҷои кор аз сабабҳои умдаи марги муҳоҷиони тоҷик дар Русия ном бурда мешавад.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.