расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ИЛҲОМ-КОМАНДИР БА 9 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

. / Ҳаводис

ИЛҲОМ-КОМАНДИР БА 9 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи шаҳри Душанбе Илҳом Шарбатович Ҳотамов, мулаққаб ба Илҳом-Командир ва Илҳоми Ботурободӣ, як фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ ва яке аз тоҷирони дар гузашта пештози тиҷорати пахта дар водии Вахшро ба 9 соли зиндон маҳкум кардааст. Манбаи сомонаи “Бомдод” гуфт, ҳукми Илҳоми Ботурободӣ моҳи январ содир шуда, додгоҳ ӯро дар напардохтани чанд миллион доллар қарзи аз “Агроинвестбонк” гирифтааш гунаҳкор донистааст.  Ӯ дар ҳоле маҳкум ба зиндон шуд, ки моҳи марти соли 2019 дар пайи як тирпарронии наздиконаш бо намояндагони оилаи бонуфузм Соҳибовҳо дар маркази шаҳри Бохтар номаш дар сархатти ахбор қарор гирифта буд. Дар он тирпарронӣ се нафар, аз ҷумла Ҳоҷӣ Марс, домоди Соҳибовҳо захмӣ шуда буд.
Дар ин авохир Илҳоми Ботурободӣ инак дастикам сеюмини нафар аз тоҷирони дар гузашта пештози бозори пахтаи Тоҷикистон аст, ки маҳкум ба зиндон мешаванд. Додгоҳи Душанбе моҳи январ бо айни иттиҳоми напардохтани миллионҳо доллар қарзашон аз “Агроинвестбонк” Ҷамшед Абдулов ва Исматулло Ҳаёевро низ маҳкум карда буд. Аз ҷумла Исматулло Ҳаёев, писари сарвазири собиқи Тоҷикистон Иззатулло Ҳаёев ба 11 соли зиндон маҳкум шуд.

Илҳоми Ботурободӣ дар солҳои 90 ва ибтидои солҳои 2000 ширкати машҳури “Тамер ИНБ”-ро мечархонд. Ин ширкат яке аз фурӯшандагони умдаи пахтаи водии Вахш – минтақаи асосии пахтакории Тоҷикистон ба шумор мерафт. Исми ширкати “Тамер ИНБ” дар моҷарои байни Сандуқи байналмилалии пул ва ҳукумати Тоҷикистон дар оғози солҳои 2000 расонаӣ шуда буд. Сандуқи байналмилалии пул он вақт ҷониби Тоҷикистонро ба исрофи ғайримақсадноки 800 миллион доллар пулҳои барои хоҷагиҳои пахтакор ҷудошуда айбдор кард ва он қазия боиси Як таниши сахт ва чанд сол мутаваққиф шудани маблағгузории Тоҷикистон аз ҷониби Сандуқи байналмилалии пул шуда буд.
Исми ширкати “Тамер ИНБ” дар ҷараёни таҳқиқи қазияи обу лойй шудани 800 миллион доллар пули кумак ба хоҷагиҳои пахтакор низ дар қатори ширкатҳои баҳрабурда аз он схемаи тақаллуби молиявӣ зикр мешуд.
Дар гузориши ниҳоии ширкати байналмилалии аудитории “Ernst & Young”, ки бо дархости Сандуқи байналмилалии пул он қазияро таҳқиқ кард, гуфта мешуд, ки намояндагони “Тамер ИНБ” талош кардаанд, то бо аудитори ин ширкати байналмилалӣ забон биёбанд ва аз вай хостаанд, ки “выручать” карда, онҳоро аз ин вазъият барорад.
 Бо ин вуҷуд, баъди анҷоми он аудит дар соли 2010 президент Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як қарори ҳукумат пардохти 7 миллиону 412 ҳазору 180 сомонӣ қарзи “Тамер ИНБ” аз андозро то 1 январи соли 2013 ба таъхир андохта буд.
Илҳом Ҳотамовро ба сабаби собиқаи фармондеҳиаш дар Фронти халқӣ дар соли 1992 Илҳом-Командир ва ба далели зодгоҳаш – деҳаи Ботуробод дар ҷамоати Гулистони шаҳри Леваканд Илҳоми Ботурободӣ ном мебаранд. Ботуробод ҳоло  шояд ба маҳзи шумори зиёди сокинони тоҷираш Тоҷирон ном гирифтааст.
Солҳои охир равнақи қаблии тиҷоратҳои Илҳом Ҳотамов рӯ ба футур овард ва ӯ ҳатто маҷбур шуд аз бонкҳо, аз ҷумла аз “Агроинвестбонк” чанд миллион доллар қарз бигирад. Талоши ӯ барои ҷо ёфтан дар бозорҳои дигар, аз ҷумла дар бозори хонасозӣ дар пойтахт, чандон муваффақ набуд ва номи Илҳоми Ботурободӣ солҳои охир бештар дар робита ба моҷароҳо, аз ҷумла бо муноқишаҳо бо хешовандони президент бештар расонаӣ мешуд.
Аз ҷумла шаби 17 марти соли 2019 дар маркази вилояти Хатлон намояндагони ду авлоди бонуфузи ин минтақа – авлоди Раҷаб Асроров, як соҳибкори наздик ба Илҳоми Ботурободӣ ва як авлоди бонуфуз аз ҷамоати Чапаеви ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Колхозобод) вориди муноқиша шуда, тирпарронӣ карданд.
Дар натиҷаи он тирпарронӣ дастикам се нафар – бародарон Довар Солеҳов ва Масрур Солеҳов ва Бахтовар Саъдуллоев ҷароҳат бардоштанд. Довар Солеҳов сардори бахши ҷустуҷӯи ҷиноятии ШВКД шаҳри Бохтар буд. Бародари ӯ Масрур Солеҳов, мулаққаб ба Марс, язнаи Зоир (Мамазоир) ва Шамсулло Соҳибовҳо, домодҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Бахтовар Саъдуллоев домоди Ҳоҷӣ Раҳматулло Саъдуллоев, додарарӯси президенти Тоҷикистон ва бародари раиси “Ориёнбонк” Ҳасани Асадулло будааст.
Дар робита ба он ҳодиса алайҳи 14 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, афсари баландпояи милиса Довар Солеҳов, ки низ дар ин “разбор” (тасфияҳисоб) иштирок дошт, аз мақоми сардори бахши ҷустуҷӯи ҷиноятии ШВКД шаҳри Бохтар барканор гардид. Ҳоҷӣ Марсро баъди он тирпарронӣ Соҳибовҳо дар як бӯстонсаро дар ноҳияи Данғара таҳти “ҳабси хонагӣ” қарор доданд ва ӯ қариб 8 моҳ дар ин бӯстонсаро ба сар бурд.
Парвандаи марбут ба тирпарронӣ дар Бохтар дар тирамоҳи соли 2019 қатъ карда шуд ва шаби 17 ноябр дар назди манзили Илҳоми Ботурободӣ дар деҳаи Тоҷирони ҷамоати Гулистони шаҳри Леваканд байни одамони Илҳом-Командир ва як гуруҳ аз оилаи дар вилояти Хатлон пурнуфузи Соҳибовбоз як тирпарронӣ сурат гирифта, дар ҷараёни он дастикам як нафар захмӣ шуд.
 Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тирпарронии ду гуруҳ дар ҷамоати Гулистони шаҳри Левакандро расман тасдиқ карданд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорат, гуфт, “ҷонибҳо аз тири пневматикӣ истифода кардаанд.” Ба гуфтаи сухангӯи ВКД, тафтишоти аввалия нишон додааст, ки “ду тараф барои доштани силоҳи пневматмикӣ ҳуҷҷат доштанд, аммо задухӯрд ғайриқонунӣ буд. Тафтиш идома дорад. Аз ҷараёни таҳқиқ дертар хабар медиҳем.”
Аммо бо гузашта инак як солу 4 моҳ дар бораи ба куҷо расидани таҳқиқи парвандаи он тирпарронӣ дигар аз ҷониби мақомот гузорише нашр нашуд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.