расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МАНИЖА САНГИН: БАДБИНӢ ВА МИЛЛАТГАРОӢ ДАР РУСИЯ ШОКАМ КАРД! (ВИДЕО)

. / Ҷомеа

МАНИЖА САНГИН: БАДБИНӢ ВА МИЛЛАТГАРОӢ ДАР РУСИЯ ШОКАМ КАРД! (ВИДЕО)

Овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин иқрор кард, ки чунин маъракаи густардаи бадбиниро баъди интихобаш ҳамчун намояндаи Русия дар озмуни «Евровидение» интизор надошт.
Манижа Сангин дар мусоҳибаҳои муфассалаш бо хабаргузории ТАСС ва бо Ксения Собчак дар барномаи «Док-Ток» дар Шабакаи якуми ТВ Русия гуфт, муносибати бадбинона ба пирӯзии ӯ нишон медиҳад, ки мушкили миллатгароӣ ва бегонабадбинӣ дар Русия дар сатҳи ҷиддӣ вуҷуд доштааст.
Манижа  ба Собчак нақл кард, ки баъди кӯчиданашон ба Маскав, аввалин калимае, ки ёд гирифт, «чернож…ая» буд. Дар мусоҳиба бо ТАСС ӯ аз он алам кард, ки бадбинон ҳатто ба волидонаш раҳм накарданд ва ҳатто туҳмат заданд, ки волидони Манижа “наркобарон буда, дар ҷустуҷӯ қарор доранд.”
 «Бале, ман мефаҳмидам, ки маро на ҳама қабул мекунанд. Вале аз гумонам ҳам намегузашт, ки ба сарам ин қадар борони бадбинӣ фурӯ мерезад. Охир ман ягон кори бад накардам. Ба саҳна баромадаму таронаамро хондам ва тамом! Ман дар ин ҳама бадбиниҳо нажодпарастиро мебинам. Ин мушкил инҷо вуҷуд дорад, гум нашудааст. Аммо дар мавриди иштирокам дар озмун гуфтаниам, ки албатта, ман мақсади пирӯзиро пешам мегузорам. Ин, албатта, як чолиш ҳам ҳаст, чунки дар “Евровидение” бо  таронаи Russian woman як зодаи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад», – мегӯяд Манижа.
Рӯзи 8 март дар даври ниҳоии интихоби намояндаи Русия барои иштирок дар озмуни «Евровидение», ки дар Шабакаи якуми ТВ Русия доир шуд, ғайричашмдошт зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин ғолиб омад.  Пирӯзии ӯ дар ҷомиаи Русия мавҷи вокунишҳои манфӣ, аз ҷумла аз ҷониби бархе шахсиятҳои шинохтаро ба вуҷуд овард. Бадбинон худи инро, ки Русияро дар озмуни асосии мусиқии Аврупо як зодаи Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, зери шубҳа гузоштанд.
Озмуни “Евровидение” имсол аз 18 то 22 май дар шаҳри Роттердами Ҳолланд дори мешавад. Соли 2020 ин озмун ба далели мавҷи коронавирус баргузор нашуд.
Манижа Сангин (Манижа Далеровна Ҳамроева) соли 1991 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ набераи Тоҷӣ Усмон, яке аз нависандагони машҳури тоҷик аст. Манижа се сол дошт, ки оилаи онҳо аз Душанбе ба Маскав кӯчид. Манижа дар Маскав дар мактаби миёна муддате дарси фортепиано хонд ва баъдан риштаи равоншиносии РГГУ-ро хатм кард.
Манижа соли 2007 бо тахаллуси Ру.Кола ба ҳунарнамоӣ оғоз кард ва таронаи аввалинаш юо ном «Пренебрегаю» овозхони он замони навраси зодаи Тоҷикистонро дар саросари Русия машҳур кард. Соли 2008 Манижа нахустин албомашро бо ҳамин номи «Пренебрегаю» ба бозор даровард.
Манижа баъди чанде аз тарҳи Ру.Кола хориҷ шуд ва бо номи худаш ба ҳунарнамоӣ давом дод.
Модари Манижа – Наҷиба Усмонова аз рӯи касб равоншинос аст. Ӯ ҳоло дар Маскав ширкати дизайни либос бо номи «Modardesigns»-ро мечархонад ва либосҳои Манижа барои иштирок дар консерту клипҳоро низ модараш медӯзад.
Падари Манижа Далер Ҳамроев табиб буда, аз модараш ҷудо шудааст. Падари Манижа мухолифи овозхон шудани ӯ будааст.
Манижа 5 бародару хоҳар дорад. Яке аз хоҳарони ӯ – Мӯниса Усмонова хабарнигори шабакаи якуми телевизионии Русия (Первый канал) мебошад.

Манижа: я привыкла бороться


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.